Санаи 16 апрели соли ҷорӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ боришот дар шакли борон дар назар буда, дар минтақаҳои алоҳидаи Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои доманакӯҳии вилояти Хатлон бошиддат меборад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ, дар баландиҳои зиеда аз 2500 метр аз сатҳи баҳр боришот дар шакли барф меборад. Санаи 15 апрел бо сабаби ҷараёни воридшавии заррачаҳои муаллақ (чангу ғубор) дар ноҳияҳои водибуда ва доманакӯҳӣ паст шудани ҳарорати ҳавои рӯзона то 8-10° пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе минтақаҳо шиддатнокии вазиши шамол аз самти ғарб бо суръати то 15-20 м/с аз эҳтимол дур нест. Рӯзҳои 15-16 апрел дар шаҳру ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ш.Душанбе ва рӯзҳои 17-18 апрел дар шаҳру ноҳияҳои шимолӣ ва марказии вилояти Суғд бо сабаби воридшавии хокбориш аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва шимолу ғарбӣ, баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва зарачаҳои андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) пешгӯӣ мешавад. Рӯзҳои 16-18 апрел бо сабаби ба амал омадани боришот, дар минтақаҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон ва баъзе ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад. Рӯзҳои 16-17 апрел бо сабаби ба амал омадани боришот дар дарёҳои Вахш, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест.
МАНБАЪ: Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон