Имрӯз, 6 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа — 7 май бо иштироки масъулони соҳаҳои мартуба, намояндагони Воситаҳои ахбори омма ва коршиносону муҳаққиқон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ иштирокдорон доир ба нақши телевизиону радио ва алоқа дар таҳкими сулҳу субот, оромии ҷомеа ва рушди фарҳанги иттилоотӣ ибрози андеша намуда, таъкид карданд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ Воситаҳои ахбори омма на танҳо манбаи иттилоот, балки неруи таъсиргузор дар ташаккули афкори ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои миллӣ мебошанд.
Зикр шуд, ки бо шарофати сиёсати созанда ва дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди инфрасохтори техникӣ, такмили муҳтаво ва баланд бардоштани сатҳу сифати барномаву лоиҳаҳои нав ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.
Имрӯз ин соҳа ба марҳилаи нави рушд ворид шуда, бо истифода аз технологияҳои муосир ва равишҳои инноватсионӣ фаъолияти худро боз ҳам густариш медиҳад. Ҳамзамон, иштирокдорон зарурати таҳияи барномаҳои ҷолибу бомазмун ва ҷавобгӯ ба талаботи замонро муҳим арзёбӣ намуда, ба рушди эҷодкорӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва ҷалби кадрҳои ҷавон диққати махсус доданд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола санаи 7-уми май ҳамчун Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа  таҷлил мегардад.