Дар даҳсолаи охир кураи замин аз таъсири тағирёбии иқлим ҳолати табиии худро коҳиш медиҳад. Бешаҳо оташ мегиранд, аз шикастапораҳои пиряхҳои антарктида айсбергҳо хеле зиёд дар укёнусҳо ба чашм мерасанд. Дар қисмати хушкии сайёра бошад, торафт захираҳои обӣ коҳиш меёбад. Чашмаҳо хушкида, дар панҷоҳ соли охир то 20 фоиз ҳаҷми пиряху дарё, чашма ва манбаҳои обҳои зеризаминӣ кам гардидааст.
Бо иқдом ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои марбут ба об, дастрасии аҳолии ҷаҳон ба оби тозаи ошомиданӣ ва ҳифзу таҳкими захираҳои обӣ ба мавзӯи муҳими сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Зеро беш аз 2 миллиард аҳолии сайёра ба манбаҳои оби тоза дастрасӣ надоранд ва сатҳи биёбоншавӣ торафт ҳудудҳои бештарро фаро мегирад.
Бо ташаббус ва иқдомҳои Тоҷикистон дар чаҳорчуби Даҳсолаи Байналмилалии Амал “Об барои рушди устувор” Рӯзномаи амал дар соҳаи об, ки дар Конфронси Оби Душанбе-соли 2018 ҳамоҳанг гардид, ба як барномаи фарогири илмиву амалӣ бо амалу уҳдадориҳои зиёдеро фаро мегирад ва дар заминаи Конфронси оби Ню-Йорк дар ҳошияи ташаббусҳои Тоҷикистон ин санад бештар тақвият ёфт. Зимни баргузории Ҷаласаҳои сатҳи баланд дар Созмони Милали Муттаҳид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки вақти он расидааст, ки муносибати худро нисбат ба муҳимтарин манбаи ҳаёт, яъне захираҳои об тағйир дода, мудирияти онро низ ба шакли нави самаранок ва бо усулҳои навоварона ба роҳ монем. Ба андешаи Пешвои миллат аввалан, натиҷаю паёмҳои Конфронс бояд ба дигар чорабиниҳои калидии вобаста ба об, тағйирёбии иқлим, пешгирии офатҳои табиӣ ва умуман ҳамаи масъалаҳои марбут ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ҳамбастагӣ ва ҳамоҳангӣ дошта бошанд, мавқеи мавзӯи об дар рӯзномаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ бояд тақвият дода шавад. Ҳамчунин, ба мақсади назорати пайвастаи раванди татбиқи уҳдадориҳо, аз ҷумла Рӯзномаи амали об, зарур аст, ки конфронсҳо ва дигар ҳамоишҳои Созмони Милали Муттаҳид минбаъд мунтазам сурат гиранд. Дар ин замина, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки дар заминаи татбиқи амалу уҳдадориҳои маҷмӯӣ ва умуман Рӯзномаи амал оид ба об “Раванди оби Душанбе“, ҳамчун платформаи пайгирӣ ба таври васеъ истифода карда шавад ва саввум, ҷиҳати рафъи мушкилоти марбут ба об барои дастгирӣ аз кишварҳои камтараққӣ ва рӯ ба тараққӣ бояд ҳаҷми сармоя ва маблағгузорӣ афзоиш дода шавад. Ин масъалаи хеле муҳим буда, имкон медиҳад, ки фондҳои глобалӣ бо иштироки давлатҳо барномаҳои маҷмӯии амалро тақвият бахшанд.
Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтани ҳамаи ташаббусҳои мамлакати мо ва ба ҳайси яке аз кишварҳои пешсаф дар баррасии масъалаҳои глобалии об эътироф шудани Тоҷикистон ин худ дастоварди бузург ба шумор рафта, Тоҷикистон дар байни давлатҳо ҳамчун пешоҳанги масъалаҳои марбут ба обу иқлим шинохта шудааст ва аз ҷониби дигар бо ин ибтикорот барои сарфакорона ва одилона истифода бурдани захираҳои об дар сатҳи глобалӣ саҳмгузор мебошанд. Ҳамин тавр, ҳадафи асосии ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба муҳимияти ин масъала ва андешидани чораҳои қатъӣ ҷиҳати коҳиш додани таъсири манфии раванди глобалии тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо мебошад.
Эълони Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо, таъсиси фонди махсус ва баргузор кардани Конфронси байналмилалӣ оид ба ин масъала дар шаҳри Душанбе дар соли 2025 аз ҷумлаи василаҳои муҳим ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳо мебошанд. Бояд қайд намуд, ки дар чорабинии канории “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар доираи Конфронси оби СММ — 2023, баргузор карда шуд, Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш, Президенти Боливия Луис Аберто Арсе, Дабири кулли Созмони байналмилалии обуҳавошиносӣ Петери Таалас, директори генералии Агентии байналхалқӣ оид ба неруи ҳастаӣ Мариано Гросси, директори генералии Иттифоқи байналхалқии ҳифзи табиат Бруно Оберле ва муовини директори ЮНЕСКО Син Тсюя иштирок ва суханронӣ карданд. Дар чорабинии канории “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” Подшоҳи Нидерланд Виллем Александр низ ширкат варзид. Ба андешаи муҳтарам Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи асосии тадбиқи ин иқдом ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти глобалии обшавии босуръати пиряхҳо мебошад. Тоҷикистон ба сифати мамлакати дорои манбаи обҳои аҳамияти минтақавӣ, ҳамзамон ҷонибдори истифодаи сарфакаронаву оқилонаи об дар минтақа ва берун аз он аст. Имрӯз ҳифзи захираҳои обӣ, махсусан пиряхҳо яке аз проблемаи ҷомеаи башарӣ дар пешорӯи тағирёбии иқлим мебошад. Зеро ҳамасола арзёбиҳои коршиносони Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ барои ҳар панҷсоли баъдӣ интишор меёбад, ки аз соли 2015 инҷониб вобаста ба тағири иқлим ва гармшавии иқлими сайёраро пайгирӣ менамояд. Тибқи ин арзёбиҳо обуҳавои ҷаҳон ба ҳадди гармшавии 1,5 дараҷа, ки дар созишномаҳои байналмилалии иқлим муқаррар шудааст, наздик мешавад. Ҳамзамон ин назарияро олимону коршиносон панҷоҳ дарсад пазируфтаанд, ки ҳаракати анбуҳи атмосферӣ ҳамчун василаи асосии тавозуни гармию хунукӣ на ҳамеша пешгуишаванда мебошад. Ҳамчунин иқлимшинсони сайёра изҳор медоранд, ки бо идомаи тағирёбии иқлими вобаста ба партови газҳои гулхонаию чангу ғуборҳо, эҳтимоли 48 дарсад вуҷуд дорад, ки ҳарорати миёнаи солонаи кураи замин аз сатҳи пеш аз саноатии солҳои 1800-ум ҳадди аққал як маротиба то соли 2026 1,5 дараҷа гарм шавад. Аслан назарияи аз 1, 1.5 то 2 дараҷа баланд гардидани ҳарорати иқлими сайёра аз нишондоди сатҳи миёнаи гармии кураи замин, ки ба 13 дараҷа баробар мебошад, ҳисоб карда мешавад. Сарфи назар аз он ки қутбҳои сайёра, соҳилҳои уқёнуси атлантик, Қаторкӯҳҳои Ҳимолой Ҳиндукуш ва ҳудуди Помири шарқии мамлакати мо тибқи ин меъёр ҳарорати соланаи аз сифр пастро доро мебошанд.
Дар таҳлили ин созмони ҷаҳонии метрологӣ соли 2024 пешгуии зиёд шудани ҳарорати ҳаво то 1,5дараҷа агар 40 фоизро ташкил диҳад, дар соли 2015 бошад, ҳамагӣ 10 фоизро 40 фоизро ташкил медоданд, дар ҳоле ки даҳ сол пеш онҳо ҳамагӣ аз 10 фоиз иборат буд. Дар давоми даҳсолаи охир солҳои 2016 ва 2021 солҳои гармтарини сайёра ба шумор рафта, дар 70 соли охир накам 10 соли гармтарин ба қайд гирифта шудааст. Азбаскӣ ҳарорати баланди ҳаво захираҳои обиро ноустувор гардонгида, ҳаҷми онро коҳиш медиҳад, ба ҳамаи қитъаҳои олам таҳдид менамояд. Дар гузориши Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2018 гуфтва шудааст, ки дар сурати беш аз 1,5 дараҷа гарм шудани иқлими сайёра ба коҳиши захираҳои обӣ, махсусан пиряхҳо оварда мерасонад. Ба андешаи олимон, ин ҳадди глобалӣ маънои онро дорад, ки ҳарорати миёнаи ҷаҳон на танҳо дар як сол, балки дар тӯли 20 ё то 30 сол ба миқдори 1,5 дараҷа афзошиш хоҳад ёфт.
Созишномаи иқлими Париж дар соли 2015 оид ба тағирёбии иқлим кишварҳои ҷаҳонро водор месозад, ки тадриҷан ихроҷи газҳои гулхонаиро коҳиш дода, то соли 2050 ба ҳади сифр расонанд. Вале соли 2023 ҳаҷми партовҳои саноатӣ тақрибан 500 миллиард тоннаро ташкил намуд, ки бештари он ба атмосфера рост меояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдомҳои ҷаҳонии марбут ба обу иқлим аз соли 2003 инҷониб ҷомеаи байналмилалиро водор намудааст, ки барои коҳиш додани хатарҳои глобалии иқлими сайёра ҳамкориҳоро ҳамаҷониба густариш диҳанд. Дар ин замина Раванди оби Душанбе ба як платфорамаи ҷаҳонии муколома ва амал барои таҳкими сайёраи сабз табдил ёфтааст, ки давра ба давра амалисозии барномаҳои гуногунро дарбар мегирад.
Имрӯз дар сартосари ҷаҳон шахсияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Пешвои ҷаҳонӣ дар масъалаҳои муҳими аҳамияти ҳаётӣ чун обу иқлим нафақат эътироф гардидааст, балки кишварҳо ба ин иқдомҳои созанда пайравӣ менамоянд. Ҷаноби Олӣва борҳо дар мавриди ин проблемаи башарӣ изҳор назар намудаанд, ки:
-«Солҳои охир мо шоҳиди хушксоливу обхезиҳои бесобиқа будем, ки бо миқёси бузург ва фарогирии ҷуғрофии ғайричашмдошти худ боиси нигаронии амиқи ҳамагон гардиданд. Вазъият хеле нигаронкунада аст ва онро бояд ҷиддӣ гирифт.Мутаассифона, иқдому амалҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар ин самт ҳанӯз ҳам кофӣ нестанд. Ҳадаф аз ташаббусҳои мо дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо тавассути дипломатияи об ва истифодаи оқилонаи захираҳои он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид намудани мушкилоти ин соҳа ва дарёфти роҳҳои ҳали онҳо мебошад. Дар ҷаҳон кишваре нест, ки аз мушкилоти об вобастагӣ надошта бошад. Ин мушкилот дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти мардуми дунё мушоҳида мегардад. Дар баъзе кишварҳо мардум аз норасоии об барои нӯшокӣ, полезӣ, беҳдошт ва дигар бахшҳо танқисӣ доранд. Аз тарафи дигар, офатҳои зиёди табиӣ, мисли хушксолӣ, селу обхезиҳо ва тармафароӣ ба иқтисод ва ҳаёти мардум ҳисороти зиёде меоваранд.”
Воқеан ҳам сол то сол бештар гардидани таъсири тағирёбии иқлимро мушоҳида менамом, ки дар дар вобаста ба масъалаи мазкур Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки сарфи назар аз баъзе пешравиҳо, барои ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла ҳадафи шашум ва дигар ҳадафҳои марбут ба об бояд моро зарур аст, ки талошу амалҳои худро ба маротиб афзоиш диҳем.
Чорабинии сатҳи баланди оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои креосфераро дар санаи 8 июни соли 2025 дар шаҳри Нитсаи Ҷумҳурии Фаронса Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари Пешво дар умури обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон ифтитоҳ намуданд.
“Ташаббусҳои мо дар самти обу иқлим аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ ёфта, мавриди татбиқ қарор гирифтаанд”, изҳор доштанд Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Раванди коҳишёбии криосфера ба зиндагии босуботи мардуми сайёра таҳдиди ҷиддӣ эҷод карда, метавонад то соли 2050 боз ба ба як миллиард нафар аҳолии минтақаҳои наздисоҳилӣ ва ҷазира кишварҳо таъсири манфӣ расонад.
Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эманнуэл Макрон ба иқдомҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, Даҳсолаи байналмилалии амал барои креосфераро барои солҳои 2025-2034 ва раванди амалигардонии онро дар коҳиш додани хатарҳои экологӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Ҳавзаи пиряхҳои Тоҷикистон 6 фоизи масоҳати мамлакатро ташкил намуда, зиёда аз 10 ҳазор пиряхи ҳаҷмаш гуногунро дарбар мегирад. Ин захира боиси ташаккули ҳамасолаи ҳавзаи дарёҳо дар ҳаҷми 64 киллометри кубӣ буда, ҳамчун мояи ҳаёт барои дар сатҳи муътадил ҳифзу нигоҳдории экосистема, кишоварзӣ, мувозинати табии гидрологӣ нафақат дар Тоҷикистон, балки Осиёи Марказӣ нақши бениҳоят муҳим дорад.
Вале шуруъ аз даҳсолаи охири асри 20 ва шиддати обшавии аз меъёр хеле зиёди пиряхҳо ва обхезию ҳодисаҳои табиӣ дар уқёнусу баҳрҳо ва ҳавзаи дарёҳо, мафҳуми нав дар фанни иқлимшиносӣ селҳои пиряхӣ ба вуҷуд омад. Марказҳои илмӣ сабаби асосии обшавии кристали яхро дар ҳавзаи пиряхҳо ба тағири иқлим ва баланд шудани ҳарорат аз ҳисоби партови газҳои гулхонаӣ нисбат медиҳанд.
Рушди саноати ҷаҳонӣ, истифодаи хеле зиёди нақлиёт, коркади нафту газ, вулқону сухтор ва дигар ҳодисаҳои табиӣ барои халалдор гардидани мувозинати экологӣ сабаб гаштаст. Дар натиҷа, ноайён бошад ҳам ҳолати фавқулоддаи вайрон шудани мубодилаи моддаҳо дар фазои атмосферӣ гашта, ҳатто дар ҳарорати миёнаи Антрактида, Артика, ки ба 30-40 дараҷа хунукӣ баробар бошад ҳам қабатҳои хеле сахти пиряхҳо об мешаванд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, маъмулан дар ҳавзаи пиряхҳо дар он ҷое, ки қаблан барф меборид, ҳоло боридани борон, махсусан дар фаслҳои тирамоҳу баҳор мушоҳида мегардад. Сатҳи бориши борон торафт баландиҳои ҳатто аз 3 ҳазор метр баланд аз сатҳи баҳрро фаро гирифтааст. Алҳол мутахассисон моделҳои гуногунро дар обшавии пиряхҳо истифода мебаранд, ки баҳсҳо дар доираҳои илмӣ кам нестанд. Яке моделсозӣ дар иқлимшиносиро муҳим шуморад, дигаре сатҳи пиряхро бозгӯи воқеъият медонад. Саввумӣ бошад, сатҳи ҷоришавии дарёҳоро беҳтар мешуморад. Дар ҳама сурат, коркарди ҳамаи маъхаз ва нишондодҳо зарур асту дар ин кор муқаррар намудани ченаки ягона роҳи ҳали масъала буда наметавоанд. Зеро таъсири иқлим ва гармшавӣ боз бо даҳҳо ҳодисаҳои табии дигар алоқаманд асту фазои атмосферии сайёра бошад ҳарими дахлнопазир буд ва ҳамаи кғшишҳо ҳам барои дар ҳолтаи муътадил нигоҳ доштани ин гардиши табии сайёра мебошад.
Пиряхшиносӣ илми муосир аст ва бисёр паҳлуҳои норушан дорад, ки муҳақиқонро барои омӯзиши бештар ҳавасманд месозад. Ҳоло олимон аз ниҳодҳои илмии мамлакат, махсусан Маркази омӯзиши пиряҳо, Инстиути масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба омӯзиши манбаҳои яхбандии абадӣ, яъне пиряхҳои зеризаминии ҳудуди Тоҷикистон оғоз намудаанд, ки дар ин самт дар водии Бартанг, ҳудуди кӯли Сарез, ноҳияи Мурғоб тадқиқотҳо сурат мегиранд. Ҳамчунин аз тариқи зондиронии фосилавӣ ҳолати пиряҳои ҷаҳон ҳам мавриди омузиш қарор дода мешавад, ки барои таҳияи маводи илмӣ зарур мебошад.
Дар кураи замин оксиген ҳамчун манбаи ҳаёт дар ҳолати гардиш аст ва тозагии атмосфера дар ҷаҳони муосир яке аз масъалаи муҳим ба шумор меравад. Зеро тағирёбии иқлим ба раванди мазкур мансуб буда, олами биологӣ аз таъсири чунин муҳит зарар мебинад. Ҳоло дар ҷаҳон барои рушди энергияи сабз яке аз омили кам кардани хавфи хатарҳои эҳтимолии экологӣ чораҳои гуоногун андешида мешаванд. Пеш аз ҳама, кам кардани партови газҳои гулхонаӣ, коркарди ашёи пластикӣ, тадриҷан даст кашидан аз истифодаи чунин мавод ва васеъ кардани майдонҳои боғоту ҷангалзор ва мусоидат намудан ба иқлими дорои экологияи бехатар басо муҳим бувад, ки рушди илмҳои креосфера ҳамҷавон бӣо шохашои илмҳои иқлимшиносӣ ин масъалаҳоро баррасӣ менамояд. Алҳол тариқи омӯзиши изотипҳои ядрои об илми ҷаҳонӣ ба суолҳои зиёде ҷавоб хоҳад ёфт. Чаро таъсири гармӣ ба баландиҳои дастнорас ҳам таъсир мекунад. Раванди ҳаракати бодҳое, ки моддаҳои зарарнокро тариқи атмосфера ба дигар ҷойҳо кучиш медиҳанд, чӣ гунна мониторинг намуд ва манбаааш бештар ба кадом минтақаҳои ҷаҳон дахл дорад.
Маҳз бо иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди омузиши пиряхҳои Тоҷикистон оғоз шуда, дар назди Академияи мидллии илмҳои Тоҷикистон Маркази омӯзиши пиряхҳо ташкил карда шуд. Дар ниҳоди илмии мазкур дар давоми 5 соли охир дар баробари пешбурди корҳои илмӣ-омӯзишӣ, масъалаи таҳияи Каталоги пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври қатъӣ ба роҳ монда шуда, соли 2024 қисмҳои аввали он интишор ёфтанд. Барои таҳияи аталаси пиряхҳои Тоҷикистон муҳаққиқон аввал омӯзиши тадқиқотҳои 80 соли охирро ба роҳ монда, дар заминаи таҳлил ҷадвали 50-солаи метрологиро ҳамчун василаи асосии фаҳмидани таъсири иқлим ба ҳавзаи пиряхҳо қарор доданд. Таҳияи атласи пиряхҳои Тоҷикистон, ки дар панҷоҳ ҷилд пешбинӣ гардидааст, як навъ ҷамъбасти омузиши панҷоҳсолаи асри 20 ва 25 соли асри 21 ро дарбар гирифта, эҳтимоли дар кадом ҳолат қарор гирифтани сатҳ ва масоҳати ҳавзаҳои пиряхӣ то соли 2050-ро дарбар мегирад, ки барои илми пиряхшиносии тоҷик басо муҳим мебошад. Дар илми пиряхшиносӣ аз рӯи беш аз 100 нишондод даҳҳо назарияи илмӣ-таҷрибавӣ таҳлилу муқоиса карда мешаванд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи даҳсолаи охир ҳамчун пешоҳанги масъалаҳои марбут ба обу иқлим корҳои зиёдеро дар сатҳи байналмилалӣ амалӣ мегардонад. Созмони Милали Муттаҳид дар асоси пешниҳоди мамлакати мо 14 августи соли 2024 бо Қатъномаи махсус солҳои 2025-2034-ро Даҳсолаи байналмилалии омӯзиши илмҳои креосфера эълон намуд, ки барои ҳамкории марказҳои илмӣ ва молиявии ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.
Ҳамаи ин омил натиҷаи гармшавии ҳарорат дар кураи замин буда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инро ҳамагон мушоҳида мекунанд. Агар, тибқи коркарди махзани обуҳавошиносӣ дар панҷоҳ соли охир дар марҳилаи солҳои 1980 то соли 2009-ро гирем, ҳарорати баландтарин 48 дараҷа гармӣ дар ҳудуди ҷанубии мамлакат 14 рӯзро ташкил дода бошад, пас солҳои 2010 то соли 2023 ба 26 рӯз расидааст. Дар идома бошад, дар шаҳри Бохтар ин миқдор рӯзҳои гармтарин аз 41 рӯз ба 71 рӯз ба қайд гирифта шудааст. Дар ноҳияи Панҷу Шаҳритуз бошад, аз 41 рӯзи ҳарарати наздик ба 50 дараҷа гармии солҳои 1980-2009, ҳамагӣ дар зарфи 13 сол, яъне аз соли 2010 то соли 2023 71-рӯзро нишон медиҳад. Яъне, тамоюли рузҳои гармтарин дар зарфи 13 сол ба тамоми 30 соли пеш баробар аст. Гуфтан мумкин аст, ки якчанд маротиб бештар гардидааст. Дар шаҳри Душанбе ҳам чунин нишондод мушоҳида мегардад. Дар чунин рузҳои гармтарин ҳамчунин хокбориш низ ба амал меояд, ки бо таъсири шамол то дуриҳои дур ҳаракати онро мушоҳида кардан мумкин аст. Дар баробари ҳамаи ноустувории вазъи иқлим экосистемаҳои хоси мамлакат дар ҳама факсли сол нотакрории худро ба намоиш мегузоарду маҷрои дарёҳои мо бо шохобу чашмаҳо, ки беш аз 30 ҳазор киллометр дарозӣ доран, муъҷиби сабху хуррамии табиати мо мебошанд. Ҳамаааш дар гуногунии сатҳи мамлакати мо, ки аз 7 дараҷа иборат аст, маншаъ мегирад. Дар он ҷойҳое, ки тобистон 40 дараҷа ҳарорат баланд мешавад, баландӣ аз сатҳи баҳр аз 300-400 метр мебошад. Дар ин лаҳза дар баландиҳои 4-5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр масалан, дар ҳавзаи пиряхҳои Зарафшон, болооби Ванҷобу Сурхобу Хингоб ҳарорат ҳамагӣ 6-7 дараҷа гармиро нишон медиҳад. Дар нуқтаҳои баландтарини пиряхи “Тоҷикистон” (Федченко) бошад, барф меборад. Ин худ муъҷиза аст, ки дар масофаи 500-600 киллометрӣ иқлим чандгунна аст. Агар сатҳи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон водлигии ҳамвор мебуд, ба ҳеҷ ваҷҳ ба ин дараҷа олами бойи зоологию биологӣ ва экосистемаи нодир ба вуҷуд намеомад. Аз ҷониби дигар маҳз дар давраи Соҳибистиқлолӣ аз 2 фоизи масоҳати ҷумҳурӣ то 22 фоиз расонидани ҳудудҳои махсусҳифзшавандаи мамлакати мо ба шумули Парки миллии Тоҷикистон, таъсиси Мамнуъгоҳҳои давлатии “Ширкент“, ”Яғноб”, “Ромит”, “Дарвоз” ва боз даҳҳои дигар баёнгари сиёсати экологии созанда мебошад.
Табиати Тоҷикистон бо чунин хосияти худ дар ҷаҳон назир надорад. Вале дар шароити тағири иқлим ин муъҷиза ё мувозинати табиӣ дар ҳоли халалдор гардидан мебошад, ки барои ба ҳаллу фасли ин проблемаҳои пешорӯ ба иқлими сайёра ҳам сайёра алоқаманд мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории амиқ бо Созмони Милали Мутаҳид ва мамлакатҳои ҷаҳон ҳамкориро дар ин самт густариш медиҳад.
✍️Муҳаммадраҷаби Ҳанафия, корманди ТВ «Илм ва табиат»