Масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, амнияти экологӣ, ҳифзи муҳити зист, дипломатияи обӣ ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ аз мавзуъҳои мубраме буданд, ки дар мулоқоти сатҳи баланди вазирони ҳифзи муҳити зисти давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар пойтахти Туркманистон- шаҳри Ашқобод баррасӣ гардиданд. Тоҷикистонро дар ин нишасти сатҳи баланд Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода намояндагӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита.
Роҳбари ҳайати Тоҷикистон Баҳодур Шерализода зимни суханронӣ таваҷҷуҳи махсусро ба ташаббуси глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) ва қатъномаи дахлдори Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ равон намуд.
Ҳамчунин Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи иштирокдоронро даъват намуд, ки дар Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал, ки 10-13 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иштирок намоянд.
Баҳодур Шерализода аҳамияти ҳамкории минтақавиро дар ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба муҳити зист таъкид намуд. Иштирокдорони нишасти сатҳи баланд стратегияҳои таҳкими ҳамкорӣ, мубодилаи таҷриба ва татбиқи тадбирҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани таъсири онро муҳокима намуданд.
Дар нишасти сатҳи баланд ҳамзамон ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, ҳифзи захираҳои табиӣ, гуногунии биологӣ ва паст намудани сатҳи ифлосшавӣ диққати махсус дода шуд. Инчунин тадбирҳои самарабахши ҳифзи муҳити зист муҳокима ва зарурати талошҳои муштарак оид ба мубориза бо таназзули муҳити зист таъкид гардид.