Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷагропромэкспорт»-и Агентии содирот бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самти дарёфти бозорҳои содиротӣ ва ба роҳ мондани содироти маҳсулоти ватанӣ бо 32 намояндагии ҷамъиятҳои тоҷикон дар хориҷи кишвар  ҳамкорӣ дорад. Дар ин хусус 2 август директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Дар айни замон дар ҳамкорӣ бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон дар хориҷи кишвар  пиёз, олу, лаблабу ва қаламфури булғорӣ содирот гардида, барои дар оянда афзун намудани иқтидори содиротӣ ҳамкорӣ бо дигар ҳамватанони бурунмарзӣ дар хориҷи мамлкат тақвият бахшида мешавад.

«Аз ҷониби Агентии содирот тавассути Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷагропромэкспорт» бо ширкатҳои қазоқистонии «Казтрейд» ва «Касум Групп», ширкатҳои Федератсияи Русия «МаксиФрут», «Гранд-Трейд», «Меридиан» ва ширкатҳои Беларус «Просторитейл» ва «Евроторг» шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд. Дар маҷмуъ 1446 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 1095 тонна пиёз, 275 тонна олу, 40 тонна лаблабу, 18,5 тонна шафтолу ва 17,5 тонна қаламфури  булғорӣ содирот карда шуд.

«Тибқи дархости шарикони тиҷоратӣ ба нақша гирифта шудааст, ки зиёда аз 2000 тонна ангур, 400 тонна олуи сиёҳ, 300 тонна маҳсулоти полезӣ (тарбуз, харбуза) ва 300 тонна хурмо ба хориҷи кишвар  содирот намоем.  Оид ба содироти як тонна асал бо Аморати Муттаҳидаи Араб гуфтушунид идома дошта, намунаи асали табиӣ ирсол гардид ва тибқи хулосаи ниҳоии он ҷониб асал  содирот мешавад»,-гуфт директори Агентии содирот.

Дар ин давра аз ҷониби Агентии содирот дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд машварати омӯзишӣ оид ба ташкили мактаби содирот баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории машварати омӯзишӣ омода намудани мутахассисони самти содирот дар сатҳи талаботи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҷалби соҳибкорон ба омӯзиши тарзу усулҳои муосири рушди содирот мебошад. Дар доираи барномаи мактаби содирот нахуст бо ҷалби мутахассисони варзида лоиҳаи пилотии дастурамал оид ба ташкили тренингҳо дар самти содирот омода шуда, ба таври назариявӣ омӯзонида шуд. Инчунин ба иштирокчиён, аз ҷумла ба ширкатҳои ватанӣ сертификатҳои омӯзишӣ тақдим шуданд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»