Моҳи апрели соли 2025 нахустин маротибаи дар шаҳри Душанбе Конференсияи сеюми минтақавии лоиҳаи «Таҳсилоти касбӣ барои бахшҳои рушди иқтисод дар Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад.

Ин пешниҳод дар ҷаласаи навбатии Кумитаи минтақавии роҳбарикунанда дар доираи лоиҳаи «Таҳсилоти касбӣ барои бахшҳои рушди иқтисод дар Осиёи Марказӣ», ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, пешниҳод ва аз ҷониби масъулин пазируфта шуд.

Ҷаласаи навбатии Кумитаи минтақавии роҳбарикунанда дар шаҳри Тошканд 17 декабр аз ҷониби Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ)  баргузор гардида, дар он намояндагони соҳаи маориф ва илм аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.

Зимни баргузории ҷаласа аз ҷониби намояндагони лоиҳа маълумот оид ба рушди дурнамои лоиҳа дар оянда, таҳлилу натиҷа аз нуқтаи назари GIZ, таҳлили фаъолияти лоиҳаи РЕСА-5 дар соли 2024 ва нақшаи чорабиниҳои лоиҳа баррасӣ гардид.

АМИТ «Ховар»