Масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд дар соҳаи энергетика ва захираҳои об 17 декабр дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндаи навтаъйини доимии Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон Ко Сакамото баррасӣ гардиданд.

Вазири энергетика ва захираҳои об намояндаи навтаъйинро бо вазъи кунунӣ, афзалияти соҳаи энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ шинос намуда, аҳамияти ҳамкории Бонки Осиёии рушдро дар рушди ин бахшҳо таъкид намуд.

Ко Сакамото барои идомаи дастгирии лоиҳаҳои рушди энергетика ва идоракунии самараноки захираҳои об изҳори омодагӣ намуд.

Ҷонибҳо бобати тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нав дар соҳаҳои муҳими ҷумҳурӣ табодули афкор намуданд.

АМИТ «Ховар»