Иштирок дар паради ҳарбӣ ба ифтихори ҷашни 32-солагии истиқлоли давлатӣ ва 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ.                                                                 8 сентябр дар майдони “Истиқлол”-и пойтахти мамлакат бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 32-солагии истиқлоли давлатӣ ва 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон паради ҳарбӣ баргузор шуд.
Таҷлили ҷашни муқаддас бо расми гузашти наздики 20 ҳазор нафар хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ — муҳофизони истиқлоли Ватан, марзу буми давлати соҳибихтиёр ва ҳомиёни қонунияту тартибот дар фазои тантанавӣ оғоз гардид.