Дар доираи баргузории Конфронси байналмилалӣ аз санаи 01 то 05 ноябри соли равон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт Созишнома дар бораи шомилшавии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба “Иттифоқи Донишгоҳи Абрешим” ба имзо расонида шуд.Дар рафти маросими ба имзорасонии Созишномаи шомилшавӣ таъкид гардид, ки бо шомил гардидани Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба “Иттифоқи Донишгоҳи Абрешим” мо метавонем дар оянда ҳамкориҳои илмиро густариш дода, барои кашф намудани истеъдодҳои барҷаста дар якҷоягӣ саҳми худро гузошта бошем.Ҳамзамон шомил гардидани Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба “Иттифоқи Донишгоҳи Абрешим” падидаи нав дар соҳаи илмҳои технологияи инноватсионӣ ва илмӣ буда, доир ба ҳалли мушкилотҳои глобалӣ мусоидат менамояд.Ҳадаф аз густариши ҳамкориҳои илмӣ бо муассисаҳои илмии кишварҳои хориҷӣ ин пеш аз ҳама муаррифии илми ватанӣ мебошад, ки аз сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Маҳз дар доираи ҳамин сиёсат президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо азму талоши созанда пайи муаррифии илми ватанӣ дар сатҳи байналмилалӣ талош менамояд.Иттифоқи Роҳи Абрешим ташкилоте мебошад, ки бо мақсади бунёди платформаи ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва мусоидат ба мубоҳиса ва рушди минтақавӣ таъсис ёфтааст. Ин ташкилот моҳи майи соли 2015 бо ҳузури намояндагони 100 донишгоҳҳои бонуфузи 22 кишварҳои ҷаҳон расман таъсис ёфтааст. Ҳоло зиёда аз 200 донишгоҳҳои бонуфузи 40 кишвари ҷаҳон узви ин ташкилот буда, дар соҳаҳои гуногун ҳамкориҳои худро ба роҳ мондаанд. Дар доираи ин ҳамкориҳо миёни “Иттифоқи Роҳи Абрешим” ва донишгоҳҳои ба он аъзо форуми президентҳо, намоишгоҳҳои таълимӣ, семинарҳои академӣ ва мизҳои мудаввар баргузор мегарданд.

www.facebook.com/