Навраси тоҷик Зебониссо Исмоилова дар Фестивал-озмуни байналмилалии рақс таҳти унвони «Санъати Роҳи Абрешим» («Art Silk Way») ғолиб гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» хабар медиҳад.
Озмун дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардида, дар он таълимгирандаи гурӯҳи рақсии ансамбли «Шукуфаҳои пойтахт»- и Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» Зебониссо Исмоилова иштирок намуд.
Зебониссо Исмоилова аз рӯйи ду номинатсия сазовари ҷойи якум гардид.