Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад, ки аз 2 то 5 август бинобар баланд шудани ҳарорати ҳаво дар ҳавзаҳои дарёҳои Зарафшон, Панҷ ва Вахш болоравии сатҳи об пешбинӣ мешавад.

Ҳамчунин об шудани пиряхҳо бар асари гармои шадид метавонад боиси омадани сел дар якчанд ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шавад.

Масъулини Кумита ба аҳолии дар доманакӯҳ ва ноҳияҳои кӯҳӣ истиқоматкунанда, сокинон ва меҳмонони мамлакат тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз сафар ба минтақаҳои хатар, ҷамъоварии ҳезум, хӯроки чорво, гиёҳҳои шифобахш ва моҳидорӣ худдорӣ намоянд. Инчунин сайёҳоне, ки нақшаи сафар бо роҳҳои кӯҳиро доранд, бояд эҳтиёткор бошанд.

Сокинон бояд каналу ҷӯйбор ва селроҳаҳои назди манзили зисташонро сари вақт тоза кунанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба ронандагон ёдрас менамояд, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро ба таври ҷиддӣ риоя кунанд.

АМИТ «Ховар»

АКС: КҲФ