Занони тоҷик дар 17-умин Намоишгоҳи байналмилалии занҳои ихтироъкори «KIWIE -2024», ки аз 20 то 22 июн тариқи онлайнӣ доир гардид, се медали тилло, ду нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварданд.
Тавре аз Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, 26 июл дастовардҳои бонувон ихтироъкорони мамлакат, ки аз 17-умин Намоишгоҳи байналмилалии занҳои ихтироъкори «KIWIE -2024» дар Кореяи Ҷанубӣ ба даст овардаанд, аз ҷониби директори муассиса Мирзо Исмоилзода тақдим гардид.
Бо медали тилло ва ҷоизаи махсуси Ассотсиатсияи ихтироъкорони Тайланд Назирабегим Бораҷабова бо ихтирои – «Маводи дорои таъсири зиддиилтиҳобӣ ва ҷароҳатдармонӣ», Шафоат Олимова бо ихтирои – «1-хлор-3-метокситриптофало пропан-2-олов 3α, 7β-дигидрокси кислотаи холонати дорои таъсири зиддимикробӣ» ва Аниса Азизмамадова бо ихтирои – «Тарзи пешгӯии вайроншавии саломатии репродуктивӣ дар занон» сарфароз гардиданд.
Бо медали нуқра Муҳаббат Урунова барои ихтирои – «Мавод барои табобати бенаслӣ дар занҳои дорои бачадони гипоплазияи (майда) дараҷаи I-II» ва Марҷона Шоназарова бо ихтирои – «Тарзи пешгирӣ ва табобати энтеропатияҳо, ки дар заминаи полихимиотерапия ситостатикии пуршиддат инкишоф меёбанд» сарфароз шуданд.
Инчунин бо медали биринҷӣ Гулнора Ҳоҷиева барои ихтирои –«Маҷмӯи доруворӯи растанигии «Чордору» сарфароз шуд.
Бо дастгирӣ ва роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат имрӯз дастовардҳои ихтироъкорони мо дар арсаи байналмилалӣ эътирофу қадрдонӣ мешаванд ва бо ҷоизаҳои олӣ сарфароз мегарданд.
АМИТ «Ховар» АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»