Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ бо дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Ҳусайн Иброҳим Тоҳо мулоқот анҷом дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории исломӣ дар тамоми самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ шуд. Зимнан, дар бораи чорабиниҳо ва ҳамоишҳои сатҳи байналмилалие, ки баргузории онҳо соли 2024 дар Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Инчунин ҷонибҳо атрофи қазияҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла ҳолати буҳронӣ дар Фаластин ва вазъи гуманитарӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор намуданд.