Дар чанд рӯзи охир дар ҷумҳурӣ бориши барф ва сардиҳои ғайримуқаррарии баҳорӣ ба мушоҳида мерасад. Ин ҳолат дар замоне рух дод, ки ҳаво пештар нисбатан гарм шуда, бисёр дарахтони мевадиҳанда аллакай гулу барг бароварда буданд. Тағйирёбии ногаҳонии ҳарорат метавонад ба табиат ва махсусан ба соҳаи боғдорӣ таъсири ҷиддӣ расонад.
Гулҳои дарахтони мевадиҳанда хеле нозуканд ва ба ҳарорати паст тобоварии кам доранд. Агар ҳарорат ҳатто то −1 ё −3 дараҷа паст шавад, гулҳо метавонанд осеб бинанд. Дар натиҷа ҳосили солона кам мегардад. Баъзан чунин сардиҳо метавонанд ба навдаҳои ҷавони дарахтон низ зарар расонида, рушди минбаъдаи онҳоро суст менамояд. Баъзе растаниҳои зудрас ва гулҳои саҳроӣ метавонанд осеб бинанд, ки ин ба табиат таъсир мерасонад.
Сардиҳои ногаҳони ва бориши барфи баҳорӣ падидае мебошанд, ки метавонанд ба табиат ва ҳосили кишоварзӣ таъсир расонанд. Аз ин рӯ, андешидани чораҳои пешгирикунанда ва нигоҳубини дурусти боғҳо барои кам кардани зарари эҳтимолӣ аҳамияти муҳим дорад.
Бо вуҷуди ин, барф то андозае метавонад барои хок фоидаовар бошад, зеро намии онро зиёд намуда, захираи обро дар замин нигоҳ медорад.