
Лава — ин моддаи гудохтаи хеле гарм аст, ки аз дохили замин ҳангоми таркиши вулқон ба рӯи замин мебарояд.
Дар дохили Замин қабате ҳаст, ки онро магма мегӯянд. Магма омехтаи сангҳои гудохта, газ ва минералҳо мебошад.
Вақте ки фишор дар дохили Замин зиёд мешавад, магма аз сурохиҳо боло омада, аз даҳони вулқон мебарояд. Ҳангоми баромадан ба рӯи замин онро лава меноманд.
Он аз сангҳои гудохта, газҳо ва моддаҳои минералӣ иборат аст. Ҳарорати лава одатан тақрибан 700 то 1200 дараҷа гармӣ дорад.
Вақте ки лава аз вулқон берун мешавад ва кам-кам хунук мегардад, он сахт шуда ба санг табдил меёбад.
Дар дохили замин онро магма мегӯянд. Вақте ки ба рӯи замин мебарояд, онро лава меноманд.