Имрӯз 14.03.2026 дар назди бинои ТВ “Илм ва табиат” шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.

Дар иқдоми тозагию ободонӣ роҳбарият ва тамоми кормандони эҷодию техникӣ фаъолона иштирок намуда, саҳни ҳавлии бинои ТВ “Илм ва табиат” ва гирду атрофи онро тоза ва ҷойҳои харобгаштаро аз нав барқарор намудаанд.

Дар натиҷа муҳит ва атрофи бино ба тартиб дароварда шуда, дар арафаи ҷашни Наврӯз ба он симои идона бахшида шуд.