
Аз ҷумла бо иқдоми роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон директори муассиса Шарифзода Саидмукаррам Ислом барои саҳми арзанда дар рушди маърифати ҷомеа, тарғиби дастовардҳои соҳаи маориф ва илми ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани фарҳанги иттилоотии ҷомеа бо медали «Аълочии ифтихории маориф ва илми Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуд.

Ин қадршиносӣ нишонаи эътирофи заҳмати содиқонаи кормандони ВАО мебошад. Зимнан, роҳбарият ва ҳайати эҷодии Муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат» барои таваҷҷуҳ ва қадршиносӣ ба роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон самимӣ изҳори сипос менамоянд.