
Ба шарофати матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма мардум аз дастовардҳо, мушкилот ва равандҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвару ҷаҳон бохабар мегарданд.
Имрӯз, 11 — уми март — Рӯзи матбуот, фурсати муносибест барои қадрдонӣ аҳли эҷод, рӯзноманигорон, муҳаррирон ва ҳамаи кормандони соҳаи ВАО, ки бо масъулияти баланд ба ҷомеа хизмат мекунанд.
Кори онҳо на танҳо паҳн кардани иттилоот, балки тарғиби ҳақиқат, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа мебошад.
Бигзор матбуот ва дигар воситаҳои ахбори оммаи кишвар ҳамеша бо сухани рост, андешаи созанда ва қалами бурро ба пешрафти ҷомеа саҳм гузоранд. Рӯзи матбуот муборак бод!