
Дар шаҳри Ҳисор маросими ҷоизасупории ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ хонандагон, донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбӣ, ки дар озмун маҳорати баланди қироат ва дониши амиқи худро аз осори безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ нишон доданд, иштирок доштанд.
Роҳбарияти шаҳри Ҳисор иброз доштанд, ки баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба мероси гаронбаҳои адабӣ ва тарбияи маънавии насли наврас нақши муҳим дорад.
Дар анҷом ба ғолибони даври шаҳрии озмун, инчунин ба як қатор хонандагон, донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ барои иштироки фаъолона «Ифтихорнома», «Сипосномаҳо» ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор тақдим гардид.