
Даври дуюми озмун дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рашт оғоз гардид.
Гуфта шуд, ки дар даври дуюми озмун дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 320 нафар, вилояти Суғд 632 нафар, вилояти Хатлон 896 нафар, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 421 нафар ва шаҳри Душанбе 408 нафар довталаб иштирок менамоянд.
Ҳуҷҷатҳои ғолибони даври дуюм аз ҷониби ҳайати ҳакамон бо протоколҳои расмӣ тасдиқ шуда, барои иштирок дар даври сеюм ба комиссияи озмун пешниҳод карда мешаванд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида, ҳадафи он дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбии ҷавонону наврасон, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон маҳсуб мешавад.