

Искандаркӯл яке аз зеботарин мавзеъҳои табиии Тоҷикистон буда, дар миёни кӯҳҳои сарбафалаки Фон ҷойгир аст. Ин кӯли зебо бо оби мусаффо, ҳавои форам ва манзараҳои дилрабо ҳар бинандаро мафтун месозад. Атрофи кӯлро кӯҳҳои баланд, ҷангалҳои арча ва гиёҳҳои рангоранги кӯҳӣ иҳота кардаанд, ки ба ин табиати ин мавзеъ ҳусни хос мебахшанд.Имрӯз Искандаркӯл яке аз рамзҳои табиати нотакрори Тоҷикистон мебошад. Ин макони зебо ҳар сол меҳмонони зиёдеро аз дохил ва хориҷи кишвар ҷалб намуда, имкони истироҳат ва лаззат бурдан аз зебоиҳои табиатро фароҳам меорад.