
Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» ба маълумоти довталабон мерасонад, ки мақомоти ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 адад бурсияҳои таҳсил ҷудо намудааст.
Ин бурсияҳо барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғури Чин дар соли таҳсили 2026–2027 пешбинӣ шуда, ба ҷавонони болаёқат имконият медиҳанд, ки дар риштаҳои гуногуни муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат таҳсил намоянд.
Қабули довталабон барои зинаҳои бакалавриат, магистратура ва аспирантура (докторантура) амалӣ карда мешавад.
Барои донишҷӯёни хориҷӣ зиёда аз 200 ихтисос ва барномаҳои таълимӣ пешниҳод гардидааст. Рӯйхати пурраи ихтисосҳо ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳо дастрас мегардад.
Бурсия хароҷоти асосии таҳсилро фаро гирифта, барои донишҷӯён шароити мусоиди таълим фароҳам меорад.
Тибқи тартиби муқарраргардида, донишҷӯён пеш аз оғози таҳсили асосӣ метавонанд дар машғулияти омодагии забонӣ ва фаннӣ иштирок намоянд.
Давомнокии таҳсил барои таҳсилоти олии касбӣ – 3 сол, бакалавриат – 4 сол, магистратура – 3 сол ва аспирантура – 4 сол муайян шудааст.
Барои қабул ба баъзе ихтисосҳо донистани забони чинӣ талаб карда мешавад. Барои довталабоне, ки забони чиниро намедонанд, таҳсил дар факултети омодагӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон барои дохил шудан ба баъзе донишгоҳҳои бонуфузи Шинҷон супоридани имтиҳони махсуси CSCA ҳатмӣ мебошад.
Муҳлати ниҳоии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун то 20 июни соли 2026 муқаррар гардидааст.
Барои гирифтани маълумоти муфассал оид ба шартҳои қабул, рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ, интихоби ихтисос ва тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо довталабон метавонанд ба Маркази барномаҳои байналмилалӣ ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода, 47 ё тариқи телефони 223-23-59 муроҷиат намоянд.