
Рӯзҳои 7 ва 8 апрели соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор пешгӯӣ шуда, боришоти борон дар назар буда, 7 апрел дар ноҳияҳои алоҳида бошиддат (дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад. Ҳарорати ҳаво рӯзона дар водиҳо ва ноҳияҳои доманакӯҳӣ то 8-12º паст мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида шиддатнокии вазиши шамол аз самти ғарб бо суръати то 13-18м/с дар назар аст. Рӯзҳои 7-8 апрел бо сабаби ба амал омадани боришот дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур набуда, ҳамзамон дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии вилояти Суғд, дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияи Варзоби Навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ сар задани зуҳуроти сел пешгӯӣ мешавад.
МАНБАЪ: Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон