Борони Найсон яке аз зеботарин ва пурмаънотарин падидаҳои табиат дар фасли баҳор ба шумор меравад, ки барои табиат манфиати ҷиди дорад. Ин борон аз дигар намуди боронҳо бо хусусиятҳои иқлимии худ фарқ мекунад. Борони Найсон одатан хоси фасли баҳор аст. Қатраҳои он майда, нарм ва қариб бе садо оҳиста, оҳиста ба замин мерезанд. Ҷолибияти ин намуди борон дар онаст, ки он бе шамолҳои сахт ва раъду барқ ба амал меоянд.Агар мушоҳида карда бошед борони Найсон ҳамасола дар моҳи апрел ва май дар ҷумҳурӣ ба амал меояд. Ором оҳиста ва маҳин маҳин борида, ба замин нами меоварад. Пас аз бориши ин борон, ҳаво хуб гардида, табиат бозҳам зинда мешавад. Сабабаш дар он аст, ки ин борон зарраҳои чанг, ифлоскунандаҳо ва моддаҳои зарароварро аз атмосфера шуста, ҳаворо тоза мекунад. Дар шаҳрҳои калон, ки сатҳи ифлосшавии ҳаво баланд аст, чунин боронҳо барои поксозии табиат хизмат мекунад. Ин борон дар фасли баҳор мушоҳида шуда, манфиати он ба табиат, гуногунии олами биологӣ ва заминҳои кишрваризӣ зиёд аст.