







Ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз ва 5–солагии таъсисёбии Муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат» ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки роҳбарияти муассиса ва ҳайати эҷодиву техникӣ баргузор гардид.Дар оғози ҳамоиш маъмурияти муассиса ҳозиронро ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона таҳният гуфта, иброз доштанд, ки Наврӯз чун ҷашни миллии тоҷикон таърихи беш аз 6 ҳазор сола дошта, дар тӯли арсҳо бо суннату ойинҳои инсонмеҳварӣ арзи ҳастӣ кардааст. Маҳз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории кишварҳои ҳавзаи Наврӯз соли 2009 меъроси безаволи тоҷикон ва мардумони ориёитабор ба Феҳристи меъроси ғайримоддии башарият -ЮНЕСКО ворид гардид. Соли 2010 бошад бо қабули Қатъномаи махсус аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид 21-уми март -Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон карда шуда, ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб кард ва дар саросари олам таҷлил мегардад. Ҳамзамон, дар рафти чорабинӣ таъкид гардид, ки бо ибтикори бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14-уми марти соли 2021 дар арафаи таҷлили Наврӯзи чаҳонӣ ва Рӯзи илми тоҷик бо мақсади тарғиби дастовардҳои шохаҳои гуногуни илм ва тарғиби табиати биҳиштосои кишвар дар фазои иттилоотии Тоҷикистони соҳибистиқлол Муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат» таъсис дода шуд. Тӯли панҷ соли фаъолият ин шабакаи соҳавии кишвар бо таҳияи барномаҳои ҷолибу рангини инъикоскунандаи манзараҳои дилфиреби мамлакат, табиати зебои диёр, инчунин дастовардҳои илмии олимону ихтироъкорони тоҷик нақши назаррас гузоштааст.Дар рафти чорабинӣ аз саҳм ва нақши эҷодии ҳар як корманди муассиса дар рушди соҳаи Воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва тарғибу ташвиқи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдоварӣ карда шуд. Ҳамин тариқ, барои фаъолияти содиқона ва бенуқсон, чанде аз кормандони муассиса бо мукофотҳои соҳавӣ, ифтихорномаҳо ва сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.Дар интиҳои ҷамъомати тантанавӣ бо итминон таъкид гардид, ки ТВ «Илм ва табиат» минбаъд низ барои баланд бардоштани завқи тамошобинон, инъикоси табиати беназири Тоҷикистон ва муаррифии дастовардҳои илмӣ фаъолияти пурсамарро ба роҳ хоҳад монд.