Муҳоҷирати парандагон яке аз муъҷизаҳои ҳайратангези табиат ба шумор меравад. Ҳар сол миллионҳо паранда масофаҳои бениҳоят тӯлонӣ тай намуда, макони зисти худро иваз мекунанд. Барои мисол, Arctic tern метавонад то 40 ҳазор километр парвоз карда, дар тӯли умраш зиёда аз 1 миллион километр роҳро паси сар намояд.
Аҷибтар аз ҳама он аст, ки парандагон дар ин сафарҳои душвор роҳро гум намекунанд ва бе ягон харита ба макони лозима мерасанд. Онҳо аз мавқеи офтобу ситораҳо, нишонаҳои табиат ва қобилияти нодири зеҳнии худ истифода мебаранд, ки ба онҳо имкон медиҳад самти дурустро эҳсос ва интихоб кунанд.
Сабаби асосии муҳоҷирати парандагон ҷустуҷӯи ғизо, гурехтан аз сармо ва пайдо кардани макони муносиб барои зинда мондан ва идомаи насл мебошад. Ин сафарҳо на танҳо зарурат, балки рамзи мубориза барои зиндагӣ ва бақои табиатанд.
Ҳамасола дар ҷаҳон шанбеи дуюми моҳи май Рӯзи парандагони муҳоҷир таҷлил мегардад. Ҳадафи ин рӯз баланд бардоштани огоҳии мардум дар бораи парандагон, муҳити зисти онҳо, роҳҳои муҳоҷират ва хатарҳое мебошад, ки дар ин сафар ба онҳо таҳдид мекунанд. Ин рӯз моро водор месозад, ки ба табиат бо меҳру эҳтироми бештар нигарем ва дар ҳифзи ин мавҷудоти нозук ва зебо саҳми худро гузорем.