
Муҳтарам намояндагони ВАО ва алоқа!
Имрӯз ҷаҳон бо суръати бесобиқа тағйир меёбад. Пешрафти технология, рушди шабакаҳои иттилоотӣ ва густариши воситаҳои рақамӣ инсониятро ба як фазои ягонаи иртиботӣ табдил додааст. Дар чунин шароити ҳассос, ҳар кишваре, ки фазои иттилоотии пурқувват ва расонаи миллӣ дорад, метавонад истиқлолияти маънавӣ ва суботи ҷомеаи худро ҳифз намояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин масир бо қадамҳои устувор пеш рафта, барои таҳкими худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа талошҳои пайваста анҷом медиҳад.Ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи таҳкими Истиқлоли давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарғиби сулҳу ваҳдат ва боло бурдани маърифати ҷомеа саҳми назаррас доранд. Маҳз тавассути барномаҳои гуногунмазмун мардум аз дастовардҳои кишвар, таърихи миллат ва арзишҳои волои инсонӣ огоҳ гардида, рӯҳияи ватандӯстиву худогоҳии миллӣ тақвият меёбад.Дар ин масир, телевизиони «Илм ва табиат» аз ҷумлаи шабакаҳое мебошад, ки аз рӯзҳои аввали фаъолият то имрӯз бо сабку услуби хос ва муҳтавои илмӣ-маърифатии худ ҷойгоҳи арзандае дар фазои иттилоотии кишвар касб намудааст. Ин шабака тавониста аст, табиати зебо ва нотакрори Тоҷикистонро бо беҳтарин тасвирҳо ба бинандагон муаррифӣ намояд ва ҳисси муҳаббат ба Ватан ва табиатро дар қалби мардум бедор созад.Барномаҳои телевизоиони «Илм ва табиат» на танҳо манзараҳои дилфиреби кӯҳсорон, дарёҳо ва олами набототу ҳайвоноти кишварро инъикос мекунанд, балки бинандаро ба андеша, омӯзиш ва эҳтиром ба муҳити зист раҳнамоӣ месозанд. Имрӯз, ки масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи экология ба яке аз мушкилоти асосии ҷаҳон табдил ёфтаанд, чунин барномаҳо аҳаммияти бузурги тарбиявӣ ва иҷтимоӣ доранд.Ин шабакаи телевизионӣ инчунин, дар муаррифии шахсият ва дастовардҳои илмии олимон, муҳаққиқон, ихтироъкорон ва ҷавонони соҳибистеъдод нақши бориз дорад. Пахши суҳбатҳои илмӣ, барномаҳои таҳлилӣ ва филмҳои мустанад ҷаҳонбинии илмии мардумро васеъ намуда, ҷавононро ба омӯзиши илм, ихтироъкорӣ ва кашфиёт ҳидоят мекунанд. Зеро ҷомеае пешрафта хоҳад буд, ки ҷавонони он бо илму дониш мусаллаҳ бошанд. Телевизиони «Илм ва табиат» имрӯз ба шабакаи соҳавии маърифатӣ ва огоҳии экологӣ табдил ёфтааст. Он ба мардум иттилоъ медиҳад, ки табиат танҳо сарват нест, балки мероси бебаҳои миллат барои наслҳои оянда мебошад. Ҳифзи ҳар дарахт, ҳар қатраи об ва ҳар гӯшаи сабзи Ватан масъулияти ҳар як шаҳрванд аст.Имрӯз аҳли эҷоди ин шабакаи давлатии телевизионӣ дар ҷабҳаи иттилоотии кишвар рисолати бузургеро бар уҳда доранд. Онҳо бо сухани созанда, андешаи солим ва барномаҳои пурмазмун метавонанд, ҷомеаро ба сӯи маърифат, ваҳдат ва пешрафти устувор раҳнамоӣ кунанд. Бо камоли эҳтиром тамоми кормандони телевизион, радио ва соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати рӯзи иди касбӣ самимона табрик гуфта, барояшон тандурустӣ, илҳоми эҷодӣ, неруи тоза ва муваффақиятҳои беназир орзу менамоем.Бигзор чароғи маърифат, ки шумо меафрӯзед, ҳамеша роҳи ҷомеаро ба сӯи илму дониш, худогоҳӣ ва фардои дурахшон равшан намояд.
Рӯзи телевизион, радио ва соҳаи алоқа муборак бод!