Ноҳияи Сангвор яке аз гӯшаҳои зебоманзари Тоҷикистон буда, бо табиати дилфиреб ва захираҳои нодири табиии худ шуҳрат дорад. Кӯҳҳои сарбафалаккашида, ҷангалзорҳои табиӣ, дарёҳои мусаффо, чашмаҳои сероб ва ҳавои тозаи кӯҳистон ба ин минтақа ҳусни хос бахшидаанд. Дар ҳудуди ноҳия намудҳои гуногуни наботот ва ҳайвоноти нодир мавҷуданд, ки барои рушди экотуризм ва омӯзиши муҳити зист аҳаммияти калон доранд.Иқлими мусоид ва манзараҳои нотакрори табиӣ барои истироҳату фароғат, мусоид мебошад. Аз ҷумла, манзараи зебои Ҳавзи Кабуд, зиёда аз 100 чашмаи шифобахшу ташнашикан ва муҳити орому форами кӯҳсор ҳар сол таваҷҷуҳи меҳмонон ва дӯстдорони табиатро ба худ ҷалб менамоянд.Дар баробари сарватҳои табиӣ, ноҳияи Сангвор дорои мероси бойи таърихию фарҳангӣ низ мебошад. Ҳазрати Бурхи Валӣ бо таърихи беш аз 3–5 ҳазорсола, 36 зиёратгоҳ ва даҳҳо мавзеъҳои таърихӣ ҷойгиранд.