
Рустаниҳо манбаи асосии ғизо, оксиген, сӯзишворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва ашёи хоми саноатӣ мебошанд. Ҳамчунин онҳо муҳити зисти бисёр ҳайвонотро таъмин карда, тавозуни табиатро нигоҳ медоранд. Дар шаҳрҳо ва деҳот дарахту буттаҳо ҳаворо аз чангу ғубор пок намуда, намнокии онро танзим мекунанд, садоро кам мекунанд ва аз шамолҳои сахт муҳофизат менамоянд.