Огоҳӣ! by admin / 4 октября, 2026 No Comments Санаи 5 октябри соли ҷорӣ дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ, ба истисно аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба амал омадани боришоти борон (дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр аз сатҳи баҳр барф) дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо бошиддат меборад. Дар бештари ноҳияҳои водию-доманакӯҳӣ пастшавии ҳарорати ҳаво то 8-10º пешгӯӣ мешавад. Дар бештари ноҳияҳо эҳтимолияти вазиши шамол бо суръати то 15-20м/с, дар ноҳияҳои алоҳида шиддат гирифта то 20-25 м/с дар назар аст. Рӯзи 4 октябр дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳии вилояти Суғд, ҳамзамон 5-6 октябр дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани зуҳуроти сел пешгӯӣ мешавад. Нимаи дуюми рӯзи 4 октябр то 6 октябр дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ш. Душанбе бо сабаби омилҳои метеорологӣ (хокборише, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубӣ ба кишвар ворид мегардад) баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва 2,5мкр (Рм-2,5) дар назар аст. Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар чунин шароити вазъи обу ҳаво чораҳои эҳтиётиро андешанд. Post Views: 19 Мубодила: