Ҳар як миллатро бо забонаш эътироф мекунанд ва мешиносанд. Таърих ва бойигарии забон ба миллат обрӯ ва манзалат мебахшад. Ҳамзамон миллатро мебояд, то барои олуда насохтани забон бо калимаҳои бегона ва коҳиши нуфузи забонаш талош намояд. Лаҳни форам, навишти зебо ва хониши бурро унсурҳое мебошанд, ки забонро зинда нигоҳ медоранд. Бидуни шак забон бо калимаҳои хушу гуворо дар ибрози андеша нақши аввалияро мебозад.
Бойигарии забони тоҷикӣ аз он сарчашма мегирад, ки аз калимаҳо калимаҳои тоза ба тоза эҷод мешаванд. Дар баробари доштани ин қудрат, як калимаи забони модарӣ даҳҳо маъноро ифода менамояд.
Ҳаққи таҳқир кардани дигар забонро надорем, аммо бояд иқрор шуд, ки забони модарӣ чунон фораму гӯшнавоз аст, ки ҳар ибораву ҷумлаи он чун шеъре ба инсон нерую илҳом мебахшад.
Нуфузи забон дар байни забонҳо дар баробари доштани таърихаш, ба ҷойгоҳи он дар илму адаб ҳам муайян мегардад. Ҳанӯз соли 725 шеъри тоҷикӣ мақому манзалати худро соҳиб буд;
Аз Хуталон омадия,
Ба рӯ табоҳ омадия,
Овор боз омадия,
Хушку низор омадия.
Комилшавии забон аз бузургони миллат вобастагӣ дорад. Абони Лоҳиқӣ дар нимаи дуюми асри ҳашт достонҳои зебои худро офаридааст. Пас, бояд қазоват кард, ки забон ҳар чӣ қадар доро бошад, тавони эҷоди осори ҷовидонае фароҳам месозад. «Шоҳнома»- и Масъуди Марвазӣ, «Калима ва Димна»-и Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва «Офариннома»-и Абушакури Балхӣ ба суханҳои мо ҷон мебахшанд.
Бидуни тараддуд метавон гуфт, ки забони модарӣ дар гуфтугӯи байни дигар миллатҳо (узбек, турк, ҳинд, пашту ва ғайра) ва ҳатто дар мукотиботи давлатдорони бегона (сулолаи Салчӯқиён) эътироф шудааст, зеро вожаҳои забони модарӣ дарду эҳсос ва дархосту роҳнамоиро ба таври комил ифода карда метавонанд.
Таърих бе ҷангу сулҳ нест ва, албатта, ҷанг на танҳо ба ҷони мардумон, балки ба забону хатти онҳо зиён оварда, фарҳангашонро низ ба коми нобудӣ мебарад. Дар чунин ҳолатҳои ногувор китобҳо дар нигоҳ доштани забон нақши аввалияро бозӣ мекунанд.
Яке аз омилҳое, ки забони модариро ҳифз мекунад, дину ойин мебошад. Дини Зардуштия дар ҳифзи забони модарӣ нақши волоеро дошт. Шиори зиндагии «рафтори нек, гуфтори нек, пиндори нек» далели ин гуфтаҳост.
Санъати мусиқӣ, дар баробари ҳифзу пойдорнамоии забон, мавқеи хешро дар байни дигар миллатҳо ҷорӣ намуд. Санъати мусиқӣ ва сурудхонии тоҷик ба мардумони арабу турк таъсири хешро расонидааст, ки то кунун калимаҳои хушу пур аз маънои тоҷикиро истифода бурда, сурудҳояшонро рангинтару пурмаънотар сохта, ҷило мебахшад.
Пас, моро мебояд, ки, дар баробари ҳифзи ҳиросати забони модарӣ, дар рушду такмилсозии он камари ҳиммат баста бошем. Иқдоми мазкур дар омӯхтани дигар забонҳо низ кумак мерасонад. Ин аст, ки фармудаанд;
Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон осон гардад.
Субҳон ҚУРБОНОВ,
АМИТ «Ховар» номзади илми сиёсатшиносӣ