Маркази сайёраҳои хурди Иттиҳоди байналмилалии астрономӣ кашфи боз як кометаи навро тасдиқ кард. Кометаи C/2023 A3 9 январи соли 2023 аз тарафи олимони Чин кашф шудааст. Он 12 октябри соли 2024 дар нуқтаи наздиктарин (750 миллион километр) ба сайёраи Замин наздик мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
27 сентябри соли 2024 комета дар нуқтаи наздиктарин ба Офтоб, дар масофаи беш аз 58 миллион километр ҷойгир буд.
30 сентябр «меҳмони осмонӣ» пеш аз тулӯи Офтоб дар осмон хеле паст дурахшид.
Мушоҳидаҳои комета дар вақти ба Замин наздик шудан дар расадхонаҳои Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳо гузаронда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки ин гуна ҷирмҳои кайҳонӣ аз абри Оорт сарчашма гирифта, танҳо як маротиба аз системаи Офтоб мегузаранд ё давоми зиёда аз 200 сол як гардиши пурраи атрофи Офтобро анҷом медиҳанд.
Таҳқиқоти олимон нишон дод, ки кометаи C/2023 A3 давоми 80 000 сол ба атрофи Замин наздик шудааст, ки ин ҳодисаи беназирро одамон бо чашми одӣ дида метавонанд. Аз рӯи нуқтаи назари динамикӣ ва фаъолнокии комета маълум мешавад, ки он бори аввал аст ба системаи Офтоб ворид мегардад.
АКС: Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
АМИТ «Ховар»