1 октябр дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода даври ниҳоии Озмуни якуми ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ» барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода» дар соли 2024 баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд.
Дар оғоз иброз гардид, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ» дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ гузаронида шуд.
Озмун аз рӯйи равияҳои забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва чинӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои олии мамлакат бо иштироки беш аз 90 донишҷӯ доир шуд.
Донишҷӯён аз рӯйи талаботи низомнома дар доираи забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва чинӣ тариқи барномаи махсус ба саволномаҳои тестӣ ҷавоб гардонида, дар даври дуюм дар мавзуъҳои пешниҳодгардида эссе навиштанд. Натиҷаҳо аз ҷониби ҳайати ҳакамони донишманду соҳибзабон ва ботаҷриба муайян шуда, сари вақт тавассути тахтаҳои иттилоотӣ ба иштирокдорон пешниҳод гардид. Ғолибон мутобиқи холҳои ҷамъовардаи довталабон ҳамон рӯз муайян шуданд.
Аз рӯйи равияи забони тоҷикӣ ҷойи якум ба донишҷӯйи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Меҳрона Самадова, ҷойи дуюм ба донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Данғара Саёҳат Баротова, ҷойи сеюм ба донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Муҳаммадҷон Ҳасанов, ҷойи ифтихорӣ ба донишҷӯйи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Меҳрнигори Саидхоҷа дода шуд.
Аз рӯйи равияи забони русӣ ҷойи якумро донишҷӯйи Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон Мукаррама Одилова, ҷойи дуюмро донишҷӯйи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Сайёра Ахмедова, ҷойи сеюмро донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров Сафияхон Орипова, ҷойи ифтихориро донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Мунира Камолова соҳиб шуданд.
Аз рӯи равияи забони англисӣ ҷойи якум ба донишҷӯйи Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи В.М.Ломоносов дар шаҳри Душанбе Севинч Раҳимова, ҷойи дуюм ба донишҷӯйи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Санҷар Яковлев, ҷойи сеюм ба донишҷӯйи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Ҷасмин Сайдалӣ ва ҷойи ифтихорӣ ба донишҷӯйи Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон Хушбахт Шоймардонов дода шуд.
Аз рӯи равияи забони чинӣ ҷойи якум ба донишҷӯйи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Аминҷон Шаропов, ҷойи дуюм ба донишҷӯйи Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон Алишер Қурбонов, ҷойи сеюм ба донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии тиббии Данғара Мумин Мавлонзода, ҷойи ифтихорӣ ба донишҷӯйи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Умеда Тиллобоева дода шуд.
Дар Озмуни якуми ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ» Шоҳҷоиза насиби донишҷӯйи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Аминҷон Шаропов гардид.
Ҳадафи асосии озмун татбиқи сиёсати Ҳукумати мамлакат барои омӯзиш ва рушди забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, баланд бардоштани шавқу ҳаваси донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, рушди малакаи забономӯзӣ ва истифодаи он дар иқтисодиёти давлат, дарёфти донишҷӯёни лаёқатманд ва ҷалби онҳо ба корҳои тарҷумонӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ мебошад.
Озмун аз рӯйи 4 равия- забони тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва чинӣ дар ду давр баргузор шуд.
Даври якуми озмун дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ моҳи сентябр баргузор гардид. Дар даври якум танҳо 1-нафарӣ ғолиб аз ҳар равия тибқи ҷадвали замимашуда то 25 сентябр барои иштирок дар даври дуюм пешниҳод гардид.
Даври дуюм ва ниҳоии озмун 1 октябр дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон баргузор шуд.
АМИТ «Ховар»