Таҳти унвони «Аз мониторинги криосфера то ҳамкорӣ барои тақсимоти захираҳои обӣ ва қабули қарорҳо» бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии  Олмон (GIZ) дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон дар ҳошияи Конфронси 29-уми  ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим чорабинии канорӣ баргузор шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати энергетика ва захираҳои об хабар доданд, ҳадафи асосии чорабинӣ муҳокимаи масъалаҳои мутобиқшавӣ ва коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим ба криосфера ва таъсири он ба захираҳои обӣ буд.

Иштирокдорон таҳлили ҳамаҷонибаи нақши илм, технология ва ҳамкориро дар таҳияи стратегияҳои устувори идоракунии захираҳои обӣ пешкаш намуданд.

Дар ҷараёни муҳокимаҳо аҳамияти ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, ба монанди Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018-2028), Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025 ва Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои криосфера (2025-2034) махсус таъкид карда шуд. Ин ташаббусҳо ба рушди ҳамкорӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани таъсири он, инчунин пешбурди таҳқиқот дар соҳаи илмҳои криосфера мусоидат мекунанд.

Дар чорабинӣ Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи  Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  сардори шуъбаи системаҳои гидрологӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими ЮНЕСКО, директори шуъбаи кишоварзӣ, озуқаворӣ, табиат ва рушди деҳоти Бонки Рушди Осиё, роҳбари стратегӣ оид ба амалҳои минтақавӣ ва таблиғи глобалӣ дар ICIMOD, директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сухан намуданд.

АМИТ «Ховар»