Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» ба маълумоти довталабон ва шаҳрвандон мерасонад, ки барои таҳсили шаҳрвандон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи мамлакат дар зинаҳои бакалавриат, магистратура, аспирантура, докторантура ва коромӯз аз рӯи ихтисосҳои гуногун қабули ҳуҷҷатҳо оғоз гардид. Дар ин хусус ба  АМИТ «Ховар» дар  Маркази барномаҳои байналмилалӣ хабар доданд.

Қабули ҳуҷҷатҳо ба муассисаҳои олии касбии 184 давлати дунё, аз ҷумла Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Русия, Беларус, Эрон, Туркманистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Узбекистон ва дигар давлатҳо оғоз гардид.

Хоҳишмандон метавонанд барои супоридани ҳуҷҷат (номнавис шудан) ба Маркази барномаҳои байналмилалӣ бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода, 47 (рӯ ба рӯи Алиф Сармоя), муроҷиат намоянд.

Ҳамзамон ба Раёсати маорифи вилояти Суғд дар суроғаи шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Шарқ 29 муроҷиат намоянд.

Телефон барои тамос: 2232359, 2211175 

АМИТ «Ховар»