Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душабе бо иштироки зиёда аз 100 нафар довталаб Озмуни «Аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равияҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ бо медали тилло ва нуқра» оғоз гардид.

Дар озмун довталабон давоми ду рӯз барои ба даст овардани аттестати аъло донишозмоӣ менамоянд.

Таъкид карда шуд, ки озмуни мазкур  на танҳо сатҳи дониши хонандагонро муайян мекунад, балки онҳоро барои омӯзиши минбаъда ва расидан ба қуллаҳои баланди илм ташвиқ менамоянд. Изҳори итминон карда шуд, ки  аз байни ин довталабон олимону мутахассисони ояндаи мамлакат ба камол мерасанд, ки дар рушди Тоҷикистон саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

АМИТ «Ховар»