Дар Тоҷикистон амалиёти ҷарроҳии урологӣ ба таври лапораскопӣ, яъне бе буриши калон гузаронида мешавад.
Мутахассисони Тоҷикистон ва Узбекистон амалиёти ҷарроҳии урологӣ, гирифтани адиномаи простата, ҷарроҳии биолопластика ва гирифтани кистаҳоро ба таври лапораскопӣ, яъне бе буриши калон гузарониданд.
Ба таъкиди мутахассисони соҳа, табобати ин гуна беморон, ки қаблан ба тариқи кушода ҷарроҳӣ мешуданд, дар баробари осеби бештар расонидан ба ҷисми бемор инчунин давомнокии табобати онҳоро низ дароз менамуд.
Усули нави ҷарроҳии лапораскопӣ ба чунин беморон имконият медиҳад, ки ҳарчи зудтар шифо ёфта, пас аз 2-3 рӯзи ҷарроҳӣ ба хона рухсат дода шаванд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2024 бо дастрас намудани дастгоҳу таҷҳизоти муосир имкон пайдо шуд, ки дар самти ташхису табобат дар мамлакат 94 навоварӣ ворид гардад. Ин шумора нисбат ба соли 2023 20 адад зиёд мебошад.
АМИТ «Ховар»