Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ аз 28-уми декабри соли 2024 таъкид намуданд, ки рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, суботи сиёсӣ ва оромиву осудагии мардуми Тоҷикистон аз таъмини амнияти миллӣ вобаста мебошад. Ин таъкиди Сарвари давлат мазмуни онро дорад, ки таъмини амнияти давлат ва ҷомеа дар шароити имрӯза зарурат ва аҳамияти аввалиндараҷа дорад, зеро бидуни суботи комил дастовардҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар арзишҳои милливу давлатӣ таҳти хатар қарор мегиранд.Воқеан, ҳифзи арзишҳои миллӣ аз таъмини амнияти миллӣ вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, давлату Ҳукумат пайваста барои такмили иқтидори моддию техникӣ ва кадрии мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои ҳарбӣ тадбирҳои амалӣ меандешанд.Сарвари давлат бо ишора ба таъмини суботи ҷомеа ва амнияти миллӣ зикр намуданд, ки Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти марбута дар ин самт тамоми чораҳоро меандешанд. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки ба масъалаҳои омода кардани мутахассисони ба талаботи муосир ҷавобгӯй барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва маҳорату малакаи онҳо, инчунин, таҳкиму тақвияти пояҳои моддиву техникии ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ минбаъд низ эътибори аввалиндараҷа дода мешавад.Бояд тазаккур дод, ки бо дастгирии ҳамаҷонибаи Президенти мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати тақвият бахшидани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва баланд бардоштани иқтидори мудофиавии Қувваҳои Мусаллаҳ бо мақсади таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, инчунин ҳифзи якпорчагии Ватан, ҳимояи сохти конститутсионӣ тадбирҳои мушаххас андешида шудааст. Дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барномаву стратегияҳо, созишномаҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷет, ҷалби сармоя ва соҳибкорон инфрасохтори соҳаҳои зикршуда такмил ёфта, бо техникаву технологияҳои муосир муҷаҳҳаз гардонда шудаанд. Кадрҳои баландихтисоси миллӣ бо диди наву муосир рӯйи кор омаданд. Сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҳарбӣ ба сипари боэътимоди Ватан мубаддал гардидаанд, ки дар мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва ҳифзи сарҳади давлатӣ муқовимат карда метавонанд. Артиши миллӣ ба неруи пуриқтидори мудофиавии кишвар мубаддал гардидааст.Зимни ироаи Паём Сарвари давлат ба пешгирии ҷинояткорӣ, тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, эҳтирому ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамчун кафили таъмини сулҳу субот таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.Бо таваҷҷуҳ ба ҷангу низоъҳои пуршиддат дар кишварҳои алоҳидаи ҷаҳон ва таҳлили вазъи мураккаби геополитикии минтақа ва ҷаҳон Президенти мамлакат мубориза бо терроризм ва экстремизмро самти афзалиятноки муқовимат ҳисобида, таъкид намуданд, ки ин зуҳурот ҳоло ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвишу нигаронӣ овардааст.Набояд фаромӯш кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ҳамчун узви фаъоли созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва байналмилалӣ дар мубориза бо экстремизм ва терроризм мавқеи пешсаф дорад.Дар ин замина санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стратегия ва барномаҳои зиёде қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд. Қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм”, “Дар бораи муқовимат ба терроризм”, “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом”, Cтратегияи миллии муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, Cтратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025, Барномаи барқарорсозӣ ва реинтегратсияи шахсони дорои гузаштаи экстремистӣ ё террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028, Барномаи барқарорсозӣ, ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудан ва бо ҷойи кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардондашуда барои солҳои 2023-2027, Барномаи солимгардонӣ, барқарорсозӣ ва ҳамгироии маҳбусони барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта маҳкумшуда барои солҳои 2025-2029 ва ғайраҳо, далели оштинопазир ва қатъӣ будани мавқеи Тоҷикистон бо ин вабои аср маҳсуб меёбад.Маълум мегардад, ки бо дарназардошти арзиши олӣ будани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва минбаъд ба ҳаёти осоишта баргаштан, ислоҳ шудани шахсони гумроҳ, ки ба ҳизбу ташкилотҳои экстремистиву террористӣ шомил гардидаанд, тамоми чораҳои имконпазирро роҳандозӣ намудааст. Ҳамзамон, Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 30 қатъномаи Созмони Милали Муттаҳидро вобаста ба пешгирӣ, муқовимат ва мубориза бо экстремизм ва терроризм қабул ва мавриди иҷро қарор додааст.Дар идомаи Паём зикр шуд, ки бо дарназардошти вазъи зикргардида моҳи майи соли 2018 бо ташаббуси Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону кишварҳо дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзуи «Муқовимат ба терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки унвони «Раванди Душанбе»-ро гирифтааст, баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш Тоҷикистон мавқеи устувори худро дар хусуси ба роҳ мондани ҳамкориҳои густурда ва ҳамоҳангшудаи байналмилалӣ иброз намуд, зеро ҳамоҳангии фаъолият дар миқёси байналмилалӣ ва минтақавӣ ба эҷоди механизми боэътимоди муборизаи муштарак бар зидди хавфу таҳдидҳои амниятӣ мусоидат менамояд.Зери ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, ки аз Паём бармеоянд, 12-уми феврали соли 2025 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Прокуратураи генералӣ, дастгирии Вазорати корҳои хориҷӣ ва Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СММ чорабинии канорӣ дар мавзуи “Пешгирии экстремизми хушунатомез тавассути татбиқи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” баргузор шуд. Дар чорабинии зикргардида намояндагони беш аз 50 кишвари аъзои СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷамъ омаданд. Намояндагони Прокуратураи генералӣ Стратегия ва дигар барномаҳои қабулнамудаи самти экстремизм ва терроризмро муаррифӣ намуданд, ки аз ҷониби иштирокчиён хуш пазируфта шуда, ба ин иқдомот баҳои баланд доданд.Инчунин, бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат бо ташаббуси Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми апрели соли 2025 дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” Конфронси ҷумҳуриявӣ оид ба “Барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии экстремизм, терроризм ва татбиқи қатъномаҳои СММ” дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарони вазорату идораҳо, субъектони бевосита ва бавосита муқовиматкунанда ба экстремизм ва террроризм, созмонҳои байналимилалӣ ва минтақавӣ, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе, созмону иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштироку суханронӣ намуданд.Ҳадаф аз роҳандозӣ намудани тадбирҳои зикргардида пеш аз ҳама пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ, ҳамзамон, таълиму тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳимояи арзишҳои миллӣ, рушди бемайлони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва таъмини амнияти миллӣ ва ҳаёти осоиштаи сокинони кишвар мебошад.Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ баҳри татбиқ намудани нуктаҳои Паёми Президенти мамлакат тамоми чораҳои имконпазирро роҳандозӣ намуда, ҷиҳати таъмини волоияти қонун ва таъмини амнияти миллӣ саҳмгузор хоҳад буд.

Юсуфзода Юсуфҷони САНГАҲМАД, прокурори калони Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3

https://jumhuriyat.tj/5935-jekstremizm-va-terrorizm-prokuraturai-general-dar-muovimat-bo-in-zuurot-choraoi-amal-meandeshad.html