Коррупсия яке аз хатарҳои ҷиддитарин барои рушди устувори ҷомеа ва давлат ба ҳисоб рафта, ба обрӯву эътибори давлат дар арсаи байналмилалӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Эмомалӣ РАҲМОН

Воқеан, коррупсия яке аз хатарноктарин зуҳуроти иҷтимоӣ буда, ба сохторҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳо таъсири манфӣ мерасонад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки он на танҳо ба амният ва иқтисоди кишварҳо таҳдид мекунад, балки арзишҳо ва ахлоқи ҷомеаро низ зери хатар қарор додааст. Ташкилоти бонуфузи байналмилалии “Transparency International”, ки солҳои тулонӣ ба мубориза бо коррупсия ва пешбурди шафофият машғул аст, дар гузориши соли 2024 оид ба ин раванд иброз доштааст: «Дар кишварҳое, ки коррупсия паҳн шудааст, на танҳо институтҳои сиёсӣ заиф мешаванд, балки сатҳи ахлоқ ва масъулияти шаҳрвандӣ низ коҳиш меёбад».

Ин маънои онро дорад, ки хатари коррупсия ба рушду устувории арзишҳои ахлоқӣ ва фарҳангии ҷомеаи имрӯза як масъалаи ниҳоят ҷиддӣ буда, таҳлилу таҳқиқи ҳаматарафаву фарогирро тақозо менамояд. Қарор додем, дар ин матлаб ба таври мухтасар хатарҳои арзишиву ахлоқии ин зуҳуротро барои ҷомеа мавриди таҳлил қарор дода, роҳҳои коҳиш ва бартарафсозии онро матраҳ намоем.Бешак, таҳдиди коррупсия ба арзишҳои муҳими ахлоқӣ ва ҷамъиятӣ, ки барои устувории ҷомеа зарур аст, возеҳу равшан мебошад. Осебпазирии арзишҳо, ки дар натиҷаи авҷ гирифтани коррупсия тамоюли бебозгашт касб менамояд, боиси нигаронии ҷомеаи башар гардидааст.Адолат ва баробарӣ аз арзишҳои асосӣ ва муҳими ҷомеа мебошад, ки ба он коррупсия дар навбати аввал таҳдид менамояд. Адолат, яъне адолати иҷтимоӣ муносибати одилона бо ҳама, қатъи назар аз мансаб ва мавқеи иҷтимоӣ, мебошад. Яқинан, дар ҷомеаи мубтало ба коррупсия одамон ба ҷойи адолат ва баробарӣ аз мансабу вазифа барои манфиатҳои шахсӣ ва ё гурӯҳӣ истифода мебаранд. Ин раванди ноодилона баробарии ҳамаи шаҳрвандонро ба дастрасии воқеии онҳо ба ҳуқуқ ва имкониятҳо ба хатари воқеӣ мувоҷеҳ месозад.

Дар натиҷа коррупсия низоми ҳуқуқии кишварро хароб намуда, манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳӣ бар манфиатҳои умумимиллӣ ғолиб меояд. Ростқавлӣ ва боварӣ (эътимод) дар ҷомеа ҳамчун асоси муносибатҳои иҷтимоӣ ва боварии байни одамон, ташкилотҳову гурӯҳҳо ва институтҳои давлат маҳсуб меёбанд. Вақте, коррупсия авҷ мегирад, эътимоду боварӣ дар байни гурӯҳҳои ҷомеа коҳиш меёбад. Дар натиҷа, вақте амалҳои ғайриқонунӣ беҷазо мемонанд, одамони қудратманду мансабдор ҳеҷ гоҳ қонуниятро риоя намекунанд, афроди фасодкор (коррупсионер) ба мартабаҳои баланд мерасанд, дар ҷомеа эҳсоси беадолатӣ ва ноумедӣ афзоиш ёфта, боиси аз байн рафтани боварӣ ва эътимод ба принсипҳои ахлоқӣ мегардад.Ахлоқи ҷамъиятӣ аз арзишҳои ҷамъиятӣ сарчашма гирифта, дар ҳаёти рӯзмарра мавриди истифода қарор мегирад. Ахлоқи ҷамъиятӣ меъёрҳои рафторро дар муносибат бо оила, дӯстон, ҳамсоягон, ҳамкорон ва дигар аъзои ҷомеа муайян мекунад. Ҳамзамон, рафтори шаҳрвандонро дар муносибат бо рукнҳои давлатӣ ва институтҳои ҷамъиятӣ танзим менамояд.Коррупсия ба арзишҳо ва ахлоқи ҷомеа таъсири манфӣ расонда, арзишҳои анъанавии ростқавлӣ, адолат, масъулият ва хидмат ба ҷомеаро беқадр мегардонад.

Коррупсия маънои истифодаи мансаб ва мақом барои ба даст овардани ғайриқонунии фоидаи шахсиро дорад. Ҳангоме, ки афрод ё гурӯҳҳои манфиатхоҳ сари вазифа меоянд ва мансабро барои манфиатҳои худ истифода мебаранд, на танҳо ҳуқуқи ҷомеаро вайрон мекунанд, балки арзишҳои асосии инсониро низ зери хатар қарор медиҳанд. Чунин рафтор сабаби пайдоиши фарҳанги фурсатталабӣ, нобовариву беэътимодӣ ба қонун ва тарҷеҳ додани манфиатҳои шахсӣ бар манфиатҳои ҷамъиятӣ мегардад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ аз 26-уми декабри соли 2018 ба ин масъала диққати махсус дода, чунин иброз доштанд: “Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ ба амалҳои коррупсионӣ шарти муҳими фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад”.

Воқеан, дар ҷомеаи мубтало ба коррупсия, эътимоду боварӣ ба давлат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои калидӣ коҳиш меёбад. Зеро коррупсия як зуҳуроти хатарнок ва фарогир аст, ки ба тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, танҳо тавассути саъю кӯшишҳои дастаҷамъона мо метавонем ҷомеаи солим, адолатпарвар ва шукуфон бунёд намоем, зеро муборизаи муштарак ва беамон бо коррупсия – ин кафолати рушди устувор, адолат ва шукуфоии ҷомеаи мост.

С. СУДУРОВ, ходими калони илмии шуъбаи ИДМ– и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

https://jumhuriyat.tj/5882-korrupsija-hatari-zuuroti-farogir-ba-arzishoi-ahloii-omea.html