Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи 54-уми ҷаҳонии «IPhO» аз фанни физика сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Олимпиада аз 21 то 29 июл дар Донишгоҳи технологии вилояти Исфаҳони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардида, дар он 44 давлат, 2 давлати меҳмон ва зиёда аз 200 нафар хонандагони болаёқат сабқати илмӣ намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро 5 хонанда аз муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе муаррифӣ намуда, хонандаи синфи 11 аз Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе Салимҷон Ҳусанов сазовори ҷойи III ва хонандаи синфи 11 аз Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Ҳайдари Муҳаммадробеъ сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Дастоварди хонандагони тоҷик нишони он аст, ки рушди ҳаракати олимпӣ дар мамлакат сол ба сол беҳтар гардида, хонандагони тоҷик аз фанҳои табиӣ-риёзӣ бо ҳамсолонашон аз давлатҳои тараққикардаи дунё рақобати арзанда нишон дода, нуфузи ҷумҳуриро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд.
Ҳамзамон таваҷҷуҳи пайвастаи Сарвари давлат ба илмҳои дақиқ аст, ки солҳои охир ҷавонон ба ин илмҳо, хусусан физикаю математика бештар диққат дода, дар олимпиадаҳои байналмилалӣ сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2019 дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки «ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шавад».
АМИТ «Ховар»
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе