Дар айни замон тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 65 ҳазору 266 нафар довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дохил шудаанд. Дар ин хусус директори марказ Сабзаалӣ Ҷаъфарзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Дар давраи асосии бақайдгирии довталабон 99 ҳазору 722 нафар номнавис шуда буданд, вале бо сабабҳои гуногун ҳамаи онҳо натавонистанд дар имтиҳонҳои марказонида ҳозир шаванд», -гуфт директори марказ.
Директори марказ иброз дошт, ки довталабони ба озмуни тақсимот роҳёфтае, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардаашон комёб нагардидаанд, ҳуқуқи иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ доранд. «Рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ, ки барои озмуни тақсимоти такрорӣ пешниҳод мегардад, баъд аз анҷоми муҳлати ҳуҷҷатсупории довталабони дар озмуни тақсимоти асосӣ комёбшуда дар муассисаҳои таълимӣ омода ва дар сомонаи Марказ гузошта мешавад», — афзуд Сабзаалӣ Ҷаъфарзода.
Дар идомаи нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки шумораи умумии комбинатсияи ихтисосҳое, ки тибқи нақшаи қабули тасдиқгардида барои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимӣ дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11-ум) дар соли 2024-ум пешниҳод гардид, 4409 ададро ташкил медиҳад, ки аз он 1206-тояш дар доираи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 3203-тои дигараш дар доираи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ аст. Шумораи умумии комбинатсияи ихтисосҳои дар соли 2024-ум пешниҳодшуда нисбат ба соли 2023-юм 77-то кам аст. Мафҳуми «комбинатсияи ихтисос» ихтисоси интихобшаванда (интихобшуда) аст бо назардошти яке аз: 1) муассисаҳои таълимие, ки ихтисоси мазкур дар он таълим дода мешавад, 2) шаклҳои таҳсил (рӯзона, ғоибона, шабона, фосилавӣ) ва 3) намудҳои таҳсил (ройгон ё пулакӣ), ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён пешбинӣ гардидааст.
Таъкид шуд, ки шумораи умумии ихтисосҳое, ки тибқи нақшаи қабули тасдиқгардида барои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) дар соли 2024-ум пешниҳод гардид, 110-ададро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023-юм 6 адад кам аст.
Зарангези ЛАТИФ,
Зоирҷони ТОИРЗОД (АКС)
АМИТ «Ховар»