МАНБАЪ: http://www.president.tj/node/31852
10 ноябри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик як қатор иншооти нави соҳаро баъди бунёду навсозӣ ифтитоҳ карда, бо маҳсулоти хоҷагиҳои ёрирасони назди Вазорати корҳои дохилӣ шинос шуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо шароити фароҳамшуда дар бинои хобгоҳи сарбозони баталёни фаврии таъиноти махсуси Қисми ҳарбии 3502-и Раёсати Қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд.
Ҳайати шахсӣ дар баробари толори барҳаво, ҳамзамон метавонанд аз ҳуҷраҳои зарурии ёрирасони замонавӣ истифода кунанд.
Дар маҷмуъ дар ин қисми низомӣ 1 хобгоҳ бо ҳуҷраҳои ёрирасон сохта шуда, 5 хобгоҳи дигар пурра навсозӣ карда шудааст.
Дар толорҳои барҳаво барои ҳайати шахсӣ мутобиқ ба талаботи замон ҷиҳати адои хизмати Модар-Ватан шароит фароҳам оварда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати шахсиро барои истифодаи муфид аз имконияти фароҳамшуда ва иҷрои вазифаҳои хизматӣ вазифадор намуданд.
Дар хобгоҳи сарбозон, роҳравҳо ва атрофи Қисми ҳарбӣ камераҳои назоратӣ насб карда шуда, буду боши афсарону сарбозон зери назорати пайваста қарор дорад.
Ҳамчунин дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 иншооти нав — маркази таълимии Қушунҳои дохилӣ дар шаҳри Турсунзода, Маркази васлу насби таҷҳизоти техникаи оташнишонии Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ, шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Мушфиқии пойтахтро барои кормандони Вазорати корҳои дохилӣ онлайн ба истифода доданд.
Дар иншооти нав мутобиқ ба талаботи замони муосир барои ҳайати шахсӣ ҷиҳати адои хизмат ва истиқомат шароит фароҳам оварда шудааст, ки ҳамааш натиҷаи ғамхориҳои доимии Ҳукумати мамлакат нисбат ба кормандони мақомоти миллитсия мебошад.
Сипас, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсулоти истеҳсолнамудаи хоҷагиҳои ёрирасони назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд.
Маҳсулоти тару тоза аз тарафи хоҷагиҳои ёрирасон дар ноҳияҳои Лахш, Варзоб, Рӯдакӣ ва шаҳри Душанбе истеҳсол ва ба афсарону сарбозон дастрас карда мешавад.
Омӯзиши усулҳои муосири кишту парвариши зироат, истифодаи техникаву таҷҳизоти тибқи таъинот пешбинишуда ва ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ имкон фароҳам овард, ки афзоиши ҳамасолаи истеҳсоли маводи ғизоӣ дар хоҷагиҳои ёрирасони назди Вазорати корҳои дохилӣ таъмин карда шавад.
Зиёд кардани саршумори чорвои калону майда, оилаҳои занбӯри асал ва таъсиси корхонаҳои коркард имкон фароҳам овард, ки талаботи ҳайати шахсӣ бо гӯшту шир ва асал бештар аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасони назди вазорат қонеъ гардонида шавад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини дахлдорро ҷиҳати истифодаи пурраи имконияти хоҷагиҳои ёрирасон, боз ҳам афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти босифат ва таъмини ҳайати шахсӣ бо маводи ғизоӣ аз ҳисоби имкониятҳои дохилии табиӣ вазифадор намуданд.