Либоси миллӣ як рукни фарҳанги пурғановати миллат ба шумор рафта, аз гузаштагон мерос аст, ки дар тӯли қарнҳо мақоми худро гум накардааст. Таърих гувоҳ аст, ки зан — модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат мебошад.  Пос доштани фарҳанги ниёгон, дар бахши хусусӣ либоси миллӢ, ки таҷассумгари расму оин, нишони зебоиписандӣ ва ифтихори ҳар халқияту миллат маҳсуб мешавад, барои ҳар як бонуи тоҷик хусусаен дар шароити пуртаззоти бархурди тамаддунҳо муҳим ва зарур аст. Бо дарназардошти ин омилҳо солҳои охир Ҳукукмати ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ, рушду инкишофи минбаъдаи он дар байни аҳолӣ ва ба ин восита бо ҷойҳои корӣ таъмин кардани занону духтарон  таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.

Ба хотири ҳифз ва нигоҳдошти фарҳанги аҷдодӣ ва тарғиби либоси миллӣ, имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ аксияи “Тоҷикона мепӯшем” баргузор мегардад, ки мақсад аз роҳандозии ин тадбири муҳим — арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, тарбияи ҳисси зебопарастӣ дар ниҳоди бонувон, баланд бардоштани завқи онҳо ба либоси миллӣ,  инчунин пешгирӣ аз фарҳанги бегона мебошад.  Баргузории аксияи «Тоҷикона мепӯшем» — талаботи занону бонувонро ба либоси миллӣ ба маротиб зиёдкард,ки дар ин замина фаъолияти тарроҳону чеварон низ ба духти либоси миллӣ бештар гардид.

 

Имрӯз, ки ҳифз ва нигоҳдошти либоси миллӣ аз зумраи масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад, бо роҳандозии чорабиниҳои ҳадафманд имкон даст медиҳад, ки либоси миллӣ тарғибу муаррифӣ карда шавад.

Аз мушоҳидаҳо бар меояд, ки бо афзудани талабот ба либоси миллӣ фаъолияти тарроҳон ва чеварон низ барои таҳия ва духти либоси шинаму зебо барои бонувон тақвият ёфтааст.

Онҳо либосҳоеро пешниҳод мегнамоянд, ки дар воқеъ бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба унсурҳои хоси либоси миллии мардуми тоҷик аст.

 

Ёсимин Қазоқова

хабарнигори ТВ “Илм ва табиат”