Тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо ва таъсири манфии он ба муҳити зист яке аз масъалаҳое буданд, ки зимни вохӯрии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат бо Намояндаи вижаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба коҳиши хатари офатҳои табии (UNDRR) Камал Кишоре мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре аз Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, вохӯрӣ дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор (HLPF-2024) баргузор гардид.
Ҳамчунин ҷонибҳо дар вохӯрӣ доир ба ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва UNDRR дар самти тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо ва таъсири манфии он ба муҳити зист, инчунин конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки соли 2025 дар Душанбе баргузор мешавад, ибрози андеша намуданд.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи рушди ҳамкории судманд иброз доштанд.
АМИТ «Ховар» АКС: Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид