19 июл роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо раванди истироҳату машғулияти хонандагон дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол»-и назди донишгоҳ, дар ноҳияи Муъминобод шинос шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба донишгоҳи мазкур.
Зимни шиносоӣ таъкид гардид, ки масъалаи таълиму тарбияи насли наврас, дар замири онҳо бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, пос доштани арзишҳои милливу фарҳангӣ ва талқин намудани ҳурмату эҳтиром нисбат ба калонсолон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ, аз ҷумла соҳаи маорифи мамлакат ба шумор меравад.
Бо ҳамин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри бофароғат гузаштани таътили тобистонаи хонандагон, тадбирҳои муассир андешида, истироҳатгоҳҳои мактаббачагонро дар мавзеъҳои хушбоду ҳавои ҷумҳурӣ бо тамоми шароити муосир ташкил менамояд. Истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол»-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ноҳияи Муъминобод аз ҷумлаи онҳо мебошад. Раёсати донишгоҳ дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати мамлакат шароити заруриро баҳри таълиму тарбия ва истироҳати хонандагон дар ин макон фароҳам овардааст.
Истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» дар ноҳияи Муъминобод аз 10 июл то 10 август наврасону хонандагон, аз ҷумлаи фарзандони кормандону омӯзгорони Донишгоҳро дар ду баст, дар ҳар баст 50 нафар, ҷамъ 100 нафарро ба истироҳату фароғат фаро мегирад.
Дар истироҳатгоҳ утоқҳои хоб, бунгоҳи тиббӣ, ошхона, китобхона, майдончаи варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ ба талаботи имрӯз мутобиқ гардонида шуда, баҳри босамар гузаштани таътили хонандагон бозиҳои шавқовари зеҳнию варзишӣ ва барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ гузаронида мешаванд.
АМИТ «Ховар» АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ