08.01.2024. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ вориди шаҳри Теҳрон — пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Теҳрон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.