Дар Душанбе тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист зимни мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Сафири Олмон дар Тоҷикистон Йорк Шуграф баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд,
Мусоҳибон инчунин масъалаҳои марбут ба гуногунии биологӣ ва тағйирёбии иқлимро баррасӣ намуданд.
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳкими иқтидори мутахассисон ва таҷҳизоти техникии минтақаҳои муҳофизатшаванда ибрози назар намуд.
Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ ба мувофиқа расиданд.