Имрӯз дар Муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат» бо нишони эҳтирому эътиқод ба шахсият ва хизматҳои таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид. Роҳбарияти телевизиони «Илм ва табиат» ҷашни ин санаро нишонаи эътимоду боварии миллати тоҷик ба роҳбари давлат ва Пешвои миллати хеш дониста, таъкид намуданд, ки дар ҳақиқат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон саҳми асосӣ ва таърихӣ дошта, давлат ва миллати моро аз марҳилаи нестшавӣ ба авҷи шинохт ва рушду тарақиёт расонид. Таъкид шуд, ки баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва мустаъқилият пайдо кардани кишварҳои аъзо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳангомаҳои бадхоҳону нотавонбинони давлат ва миллати тоҷик рӯ дар рӯ гардид. Аммо дар ин вақту замон ба бахти миллати тоҷик шахсияте сари қудрат омад, ки бо иродаи пулодину азми қавӣ ва худшиносиву худогоҳии комил ин ҳамаро барҳам заду кишварро аз вартаи нобудӣ дигарбора сохту миллатро ҳам ба ҳам овард. Ва ин шахсияти барои ҳамаи мо азиз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.Гуфта шуд, ки маҳз бо талошҳои хастанопазири ин абармарди миллат ва сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як марҳилаи кӯтоҳи таърихӣ ба авҷи шуҳрат ва тарақиёти бемисл расонида шуд. Имрӯз натиҷаи ҳамин аст, ки давлати мо робитаҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаро бо кишварҳои дуру наздик ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ба роҳ монда, дар муҳимтарин маъалаҳои умумибашарӣ саҳмгузор мебошад.Дар интиҳо баён шуд, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натанҳо як сана, балки муқаддамтар аз ин эҳтирому эътиқод ва қадршиносии миллат ва давлати Тоҷикистон аз хизматҳои беназири ин фарзонафарзанд мебошад.
Дилшод Алсамадов, рӯзноманигор