Тӯфони «Тораҷи» субҳи рӯзи душанбе ба вақти маҳаллӣ ба соҳилҳои шимолу шарқии Филиппин расида, ба музофоти Аурора дар Лусон- бузургтарин ҷазира аз галаҷазираи Филиппин фурӯ рехт, хабар медиҳад АР.

Суръати баландтарини шамол дар минтақаи тӯфон дар он замон 36 метр дар як сония ва зимни шиддати бод 50 метр дар як сонияро ташкил дод.

Обуҳавошиносон аз шамол ва боронҳои пуршиддат ҳушдор медиҳанд. Баландии мавҷҳои тӯфон дар соҳили шимолӣ ба се метр мерасад.

Як рӯз пеш мақомот сокинони беш аз 2 ҳазор деҳаро, ки метавонистанд аз тӯфон зарар бинанд, маҷбуран тахлия карданд. Илова бар ин мактабҳо ва коргоҳҳо баста шуда, ҳаракати киштиҳо ва парвозҳои дохилӣ дар вилоятҳое, ки дар минтақаи хатар қарор доранд, манъ гардид.

Интизор меравад, ки тӯфон ба самти шимолу ғарби Лусон ҳаракат карда, суръати ҳаракаташ пасттар гашта, дар баҳри Чини Ҷанубӣ идома ёбад.

«Тораҷи» чорумин тӯфон дар Филиппин давоми як моҳи охир аст.

khovar.tj/