Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар мавзуи «Меъморӣ ва шаҳрсозии Тоҷикистон» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии устодон, унвонҷӯён, донишҷӯён ва магистрантон баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласаи пленарии конференсия намояндагони Корхонаи воҳиди давлатии «Пажуҳишгоҳи илмию-тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Пажуҳишгоҳи илмию-тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» иштирок намуда, дар бораи фаъолияти ташкилот ва саҳми он барои рушди меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар Тоҷикистон маълумот доданд.
Ҳамчунин дар конференсия дар мавзуъҳои «Масъалаҳои муосири шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дурнамои рушди ҳудудҳои фарҳангию фароғатии таърихии шаҳрсозии муосир» маърузаҳо пешниҳод шуданд.
Маводи мақолаҳои конференсия оид ба самтҳои гуногуни конференсия дар доираи зиёда аз 100 мақолаи илмӣ гирд оварда шуда, дар 4 бахши конференсия, аз ҷумла «Масъалаҳои муосири меъморӣ ва шаҳрсозӣ», «Конструксияҳои сохтмонӣ, биноҳо ва иншоот», «Масолеҳи меъморӣ ва сохтмонӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва дигар захираҳои табиӣ», «Энергетика ва илмҳои техникӣ (нақлиёт ва мошинсозӣ)» баррасӣ гардиданд.
Дар маводи конференсия натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва амалии олимону муҳаққиқон, мутахассисон ва унвонҷӯён гирд оварда шудаанд.